Озмун барои офаридани муҷассамаҳои Ҷомӣ ва Навоӣ дар Душанбе

Апрель 16, 2018 10:13

ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба имзо расонд, ки тибқи он, барои таҳияи беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирони бузурги адабиёти классикии тоҷику ӯзбек – Нуриддин Абударҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ дар боғи ба номи  «Низомиддин Алишер Навоӣ»  озмуни кушод гузаронида мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар асоси қарори мазкур  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе муввазаф гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи меъморон ва рассомони Тоҷикистон барои ҷалби беҳтарин меъморон, рассомон ва ҳайкалтарошони ватанию хориҷӣ тадбирҳо андешад.       Озмуни кушод аз 16 апрел то 15 июни соли равон гузаронида шуда, дар он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ имкони иштирок карданро доранд. Озмун 20 июни соли ҷорӣ  ҷамъбаст карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки қарори  мазкур бо мақсади иҷрои банди 3 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 марти соли 2018 ба тасвиб расидааст.

Мавриди зикр аст, ки моҳи марти соли равон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе боғи «50 –солагии ҷавонон», ки дар кӯчаи Беҳзод воқеъ аст, ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» гузошта шуд. Ин иқдом рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек маънидод мегардад.

Апрель 16, 2018 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд