Паҳлавонони навраси тоҷик аз Тошканд бо се медал баргаштанд
ДУШАНБЕ, 16.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон баргузор шуд, ки дар он паҳлавонони навраси тоҷик иштирок намуда, соҳиби се медал — 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, паҳлавонони тоҷик Сулаймони Ҷамшед дар вазни -60 кг медали тилло, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кг медали нуқра ва Фарорун Мирзошоев дар вазни -73 кг медали биринҷии мусобиқаро ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 250 варзишгар аз 10 давлати дунё, аз ҷумла, аз Тоҷикистон 41 варзишгар дар 8 вазн (7 вазн миёни писарон ва 1 вазн миёни духтарон) иштирок намуданд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






