ПАЙРАВӢ БА ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АФҒОНИСТОН. Баъзе бахшҳои Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қонунгузории Афғонистон ворид карда шуданд

Апрель 12, 2018 14:54

ДУШАНБЕ, 12.04.2018./АМИТ “Ховар”/. Ба ҳамагон маълум аст, ки мардуми Афғонистон бинобар умумияти фарҳангӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ ба равандҳои дохилии Тоҷикистон шавқу рағбати беандоза изҳор менамоянд.

Тавре консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод-маркази маъмурии вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Умед Назаров ба АМИТ “Ховар” гуфт, табиист, ки вақтҳои охир  вокунишҳо ба  Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ва тағйироти воридшуда ба қонуни мазкур аз мавзӯъҳои муҳокимашаванда дар байни сокинони Афғонистон, бахусус мардуми шимоли ин кишвар мебошад.

Огоҳони сиёсӣ, ҷавонони таҳсилкарда ва кормандони давлатии кишвари иқомат бар ин ақиданд, ки модели тоҷикии танзими расму маросимҳо барои ҷомеаи Афғонистон омӯзанда ва пазируфтанист, зеро дар ҶИА анъанаҳои печида ва нофаҳмое ҳукмфармоянд, ки монеаи оиладории ҷавонон мешаванд ва табиатан фасоди ахлоқиро дар ҷомеа ривоҷ медиҳанд. Аз ин лиҳоз, Қонуни танзими анаъанаҳои Тоҷикистон дар бахшҳое, ки осебҳои молии хонаводаҳоро пойин мебарад, дар Афғонистон қобили татбиқ мебошад, мегӯянд огоҳони сиёсии афғонистонӣ.

Таъсири ҷанбаҳои мусбати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зеҳнияти кормандони давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Афғонистон ба дараҷае боло рафтааст, ки 5 апрели соли 2018   дар ВАО-и  ин кишвар дар бораи аз ҷониби Парлумон ва ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон қабул шудани “Қонуни маросими арӯсӣ” ба таври васеъ инъикос ёфт.

Таҳлил нишон медиҳад, ки Қонуни мазкур  аз нусхабардории Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  иборат мебошад. Чунончи, дар Қонуни “Маросими арӯсӣ”-и Афғонистон, ки аз 4 фаслу 25 модда иборат мебошад ва онро Вазорати адлияи ҶИА тибқи моддаи 55-и Қонуни асосии ин кишвар   татбиқ кардааст, “хароҷоти газофи арӯсӣ дар Афғонистон манъ шуда, дар сурати вайрон кардани ин талаботи Қонун, соҳибони маъракаҳои арӯсӣ ҷарима мешаванд”. Ҳамчунон, ин қонун  додани туҳфаҳо ба арӯс ва хешовандони ӯро ба шакли “қалин”, “пешкаш”, “матоъ”, ки то имрӯз дар замони идҳои динӣ (Баротӣ, Рамазон ва Қурбон) ва ҷашни Наврӯз роиҷ буд, қотеъона манъ кардааст. Намояндаи Вазорати адлия дар рӯзномаи “8-и субҳ”, аз таърихи 05.04.2018с. гуфтааст: “Аҳдофи ин Қонун  аз байн бурдани расму анъаноти хилофи аҳкоми дини муқаддаси Ислом, ҳифзи арзишҳои асили фарҳангӣ ва эҳтиром ба суннатҳои писандида ва ҷилавгирӣ аз масорифи газоф ва фароҳамоварии баргузории маҳфилҳои арӯсист…”. Бар илова, ба масъулони шаҳрдорӣ амр шудааст, ки  ҳангоми гузаронидани тӯй  аз пухтани ғизоҳои қимат ва гарон  ҷилавгирӣ ба амал оварад.

Доираҳои равшангарии Афғонистон бинобар надоштани пойгоҳи қавии мардумӣ  ташаббуси роҳбарияти Тоҷикистонро раҳоӣ аз банду басти ақибравии ҷомеаи суннатӣ медонанд, ки  ин роҳ заминаро барои рушду инкишофи давлати “мудерн” (муосир) ва пешрафта мусоид месозад. Ин ҳалқаҳои равшанфикрӣ бо ҳавасу орзуи беандоза аз шахсият ва фарҳанги мудирияти волои Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  самимона зикр менамоянд ва мегӯянд, ки шеваи раҳбарии Тоҷикистон бо хостаҳои мардумаш  ба ҳам омадааст. Аз ин лиҳоз, қонуни нави Афғонистон ҳам ҷузъи ташаббусҳоест, ки ба ободиву бозсозии ҳамсоякишвар иқдоми нав зам менамояд ва аз анъанаҳои асримиёнагӣ ҷомеаро раҳо мебахшад.

Ҳамасола аз Афғонистон то 30 ҳазор нафар ба ҳаҷ мераванд. Дар доираи баъзе муллоҳои ислоҳотталаб сару садоҳое ба вуҷуд омадаанд, ки дар баробари ин  мусулмононе, ки тавони ҳаҷ рафтанро доранд, бояд ба садақаи ҷорӣ (сохтани пул, мактаб, масҷид) низ таваҷҷуҳ кунанд. Дар ин маврид, афғонҳо чанд мисол аз барномаи телевизиони Тоҷикистонро оварданд, ки сокинони ҶТ ба ҷойи ҳаҷ рафтан маблағашонро ба сохтмони пул ва мактаб дар деҳаашон масраф карданд.

Ҳамин тариқ, татбиқи баъзе бахшҳои Қонуни ҶТ дар бораи танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳоро дар қонунгузории ҶИА дастоварди мушаххаси сиёсати хориҷии кишварамон  метавон арзёбӣ намуд.

 

Апрель 12, 2018 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ПАРАСТУ». Дар Бӯстон басти аввали истироҳатгоҳи шаҳрӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Ховалинг дар зиёда аз 600 гектар кишти картошка гузаронида мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад