Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонун «Дар бораи сармоягузорӣ» тағйиру иловаҳо ворид менамояд

Апрель 30, 2018 14:58

ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» — тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Масъалаи мазкурро дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон раиси кумитаи палатаи поёнии Парлумони мамлакат оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода тавзеҳ дод.

Мавсуф гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузории мустақим ва дастгирии соҳибкорӣ, пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон, механизми пешниҳоди дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳо барои истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молу маҳсулотӣ ватанӣ вобаста ба андозу гумрук ба сармоягузорон ҷиҳати воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав пешниҳод шудааст. Инчунин дарёфти механизм ва роҳҳои алтернативии ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳо, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат ба рушди инноватсионӣ ва саноатикунонии кишвар мебошад.

Аъзои Шӯро ҳамзамон Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

 

Апрель 30, 2018 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид