Парлумони Тоҷикистон ду санади ҳамкорӣ бо Ӯзбекистонро ба тасвиб расонд

Апрель 25, 2018 13:46

ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи  навбатии иҷлосияи чоруми палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид,  се санади байнидавлатӣ — марбут ба рушди ҳамкории сарҳадӣ ва гумрукии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва   Амороти Муттаҳидаи Араб  баррасӣ ва  тасдиқ гардиданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки вакилони палатаи поёнии Парлумони  Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон  оид ба фаъолияти  намояндагони сарҳадӣ, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар бораи ҳамкорӣ  ҷиҳати таъмини фаъолияти  сарбанди «Фарҳод», инчунин Созишномаи  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии  байниҳамдигарӣ дар фаъолияти  гумрукиро муҳокима ва ба тасвиб расониданд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба фаъолияти намояндагони сарҳадиро дар Парлумон  муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ва вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов тавзеҳ дода, зикр намуданд, ки  ин санад 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Созишномаи мазкур аз дебоча ва 18 модда иборат буда, бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти намояндагони сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.

Зимни баррасии Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ  ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» таъкид гардид, ки санади мазкур байни ду давлати ҳамсоя  — Тоҷикистон  ва Ӯзбекистон ба муҳлати 49  сол баста шудааст ва тарафҳоро барои таъмини амнияти иншооти мазкур муввазаф намуда, инчунин самтҳои ҳамкории ду давлати ҳамҷаворро ҷиҳати истифодаи сарбанди «Фарҳод» муайян менамояд.

Дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони мамлакат ҳамзамон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»   ва лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул гардиданд, ки ҳадафашон таҳкими волоияти қонун ва мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Апрель 25, 2018 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд