«ПЕШВОИ АЗХУДГУЗАШТА» – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон таи ин ҳафта

Апрель 12, 2018 12:08

ДУШАНБЕ 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи «Ҷумҳурият» (9.04.2018, №70) мушоҳида ва таассуроти А.Асадзодаро аз ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 28 март ба воситаи чархбол ба ноҳияи Панҷакент сурат гирифта буд ва муаллиф дар ин сафар ҳамроҳи Президенти мамлакат буд, бо сарлавҳаи «Пешвои азхудгузашта» пешкаши хонандагон намудааст. Муаллиф оид ба номусоид будани боду ҳаво дар рӯзи сафар, нишасти  чархболҳо дар канори дарёчаи шӯх ва пур аз лойи баҳорӣ, нони гандумӣ бо чойники чой овардани модари тоҷик ба назди чархболҳо, ҳаракат кардани ҳайат ба воситаи мошинҳо аз деҳоти Зиддӣ то ба фурудгоҳи ноҳияи Айнӣ нақл карда, оид ба идомаи сафар ба ноҳияи Панҷакент навиштааст: «Чеҳра ва табъи Пешвои миллат мисли даҳҳо боре, ки тайи солҳои зиёд дар лаҳзаҳои ҳассосу душвор ва ҳатто хатарнок мушоҳида кардаам, ором буд ва ҳатто хушҳолу болидарӯҳ буданд, гӯё чизе рух надодаасту парвоз ҳам хуб анҷом ёфтааст.

Хуб медонистам, ки ин хушҳолӣ аз дидор бо мардуми чашминтизор буд, ки бояд баъди чанд дақиқа иттифоқ афтад. Вале чӣ мегӯед, ки парвоз ба самти Панҷакент низ он қадар ҳамвору беташвиш нашуд. Шамоли сахте, ки аз самти муқобили парвоз, яъне аз ғарб мевазид, чархболи моро мисли арғунчаки кӯдакон ба болову поён ва чапу рост алвонҷ медод». Дар идома муаллиф навиштааст: «Пешвозгирандагон намедонистанд, ки Ҷаноби Олӣ то ба назди онҳо расидан се-чор соати пуртаҳлукаро паси сар кардаанд. Сабаби дер омадани Пешвои миллатро танҳо раиси вилоят ва чанд нафари дигар медонистанд.

Барномае, ки мебоист соати ҳаштуним оғоз шавад, соати дувоздаҳу чанд дақиқа шурӯъ гардид. Ҷаноби Олӣ аввал фаъолияти хати интиқоли барқи Айнӣ-Панҷакентро ифтитоҳ бахшиданд. Хурсандии сокинони шаҳри Панҷакент ҳадду канор надошт. Зеро онҳо дар масъалаи таъминот бо барқ то худи ҳамон рӯз танқисӣ мекашиданд».

«Соат ба панҷи бегоҳ наздик мешуд, ки барномаи сафар пурра ба анҷом расид, яъне ягон қисмати он ихтисор нашуд, вале то ин дам Пешвои азизи мо хӯроки чошт нахӯрда буданд ва ҳангоми боздид аз намоиши маҳсулоту намунаҳои хӯроку нону ҳалвоҳои гуногуни мардуми шаҳр чизе начашиданд. Фақат таъриф карданд, аҳсан хонданд ва маслиҳат доданд», — зикр шудааст дар мақола ва муаллиф баъд аз нақли таҷлили базми наврӯзӣ ҳамроҳ бо сокинони шаҳри Панҷакент ва меҳмонон чунин хулосабарорӣ кардааст: «Хонандаи азиз! Акнун худатон қазоват кунед: магар мешавад чунин Пешворо, ки барои расидан ба хизмати мардум аз ҳеҷ гуна мушкилот намеҳаросад, баъзан ҳатто ҷони худро ба хатар мегузорад ва тамоми ҳаёти худро вақфи хизмат ба халқ кардааст, яъне намунаи олии мардиву садоқат ба савганди хеш мебошад, дӯст надорӣ, эҳтиромашро ба ҷо наорӣ, ба хотири татбиқи сиёсаташ кӯшиш накунӣ, аз иҷрои дастурҳояш сарпечӣ намоӣ ва дар роҳи хизмат ба ӯ кӯтоҳӣ кунӣ?».

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (12.04.2018, №45) аз ҷараёни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо корҳои созандагиву ободонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» гузориши муфассал таҳти номи «Боғи «Дӯстии халқҳо» ба номаш муносиб хоҳад шуд» чоп намуда, ҳамчунин матни фармонҳои Президенти мамлакат ва қарорҳои Ҳукумати мамлакатро оид ба як зумра таъйиноти кадрӣ дар сохторҳои давлатӣ бознашр кардааст. Нашрия ҳамчунин мақолаи Н.Авазматов «Ваҳдати халқҳо дар масири сиёсати «дарҳои боз» ва мусоҳибаи сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодиро бо сарлавҳаи «Мехоҳам ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ вусъати бештар пайдо намоянд» пешкаши хонандагон кардааст.

Нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» мақолаҳои «Либоси миллӣ – рукни давлатдории миллӣ», «Истифодаи воситаҳои таълимӣ бо забони давлатӣ зарур аст», «Фанни диншиносиро таълими илмӣ ва методологӣ мебояд», «Об – неъмати бебаҳо», «Манбаи боэътимоди шинохти кишвар» ва дигар хабару навгониҳоро аз ҳаёти мактабу маориф ва мактабиёни кишвар чоп кардааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» назар ва андешаҳои Пешвои миллатро дар бораи устод Садриддин Айнӣ бо сарлавҳаи «Садриддин Айнӣ – фарзанди фарзонаи миллат» чоп кардааст. «Эмомалӣ Раҳмон исми Садриддин Айниро дар радифи бузургони сиёсату адаб ва фарҳанги ҳазорсолаи халқамон, аз қабили Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хисрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ёд мекунанд. Ин маънии онро дорад, ки устод Айнӣ дар таърихи миллати мо  дар радифи ин афроди фарҳехта қарор дорад ва пайвандгари шоистаи дирӯзу имрӯзи тамаддун аст».

Мундариҷаи ҳафтаномаи «Мароми пойтахт» — нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз мақолаҳои «Рушди соҳаи сайёҳӣ – омили беҳдошти зиндагӣ» (муаллиф Ҳ.Давлатова), «Айнӣ ва матбуот» (муаллиф М.Муродӣ), «Тоҷикистон- ташаббускори масоили марбут ба об» (муаллиф М.Расулов), ҳамчунин хабарҳо доир ба ташкил шудани машғулиятҳои бозомӯзии кормандони масъули сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, баргузор шудани ҳамоиш дар мавзӯи «Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва дигар навгониҳо аз ҳаёти ҳизбӣ иборат ёфтааст.

                                                                                 Шореҳ

                                                                 Акрам САНГЗОДА,

                                                                         АМИТ “Ховар”

Апрель 12, 2018 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ конференсия доир шуд
21 декабр Анҷумани XIII навбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
Оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ 764 қонуншиканӣ нисбат ба маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор карда шуд
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупории соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва занбӯриасалпарварӣ баргузор шуд
Дар Ҳисор ба ифтихори 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Британия қариб 66 ҳазор нафар бар асари тӯфон бе барқ монданд
Нархҳои маводи озуқаворӣ моҳи ноябр дар ҷаҳон 0,5% афзоиш ёфтанд
10 ДЕКАБР — РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Дар Тоҷикистон таъсис додани вазифаи Омбудсмени соҳибкорӣ дар назар аст