Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нав эътимоднома қабул намуданд

Апрель 13, 2018 12:27

ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири навтаъйиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳасан Дилсуз оглу Маммедзаде, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов, Ҷумҳурии Арабии Миср Иҳаб Аҳмад Талат Наср, Ҷумҳурии Словакия Ян Бори ва Ҷумҳурии Куба Эмилио Певида Пупо эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки робитаҳои дӯстиву ҳамкории кишварҳои мо барои рушду таҳкими минбаъда майдони фарох доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷаҳони араб, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои воқеъ дар Амрико андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об ва муборизаи самарбахш алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир ёдовар шуданд.

Таъкид шуд, ки барои расидан ба натиҷаҳои мусбӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар бисёри маврид аз амалҳои муштарак ва ҳамоҳангшудаи мо вобастагӣ дорад.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

Қабули эътимоднома аз 5 сафири нав 13.04.2018

Апрель 13, 2018 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд