«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МУШКИЛОТИ ОБ ДАР САЙЁРА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонон доир гардид

Апрель 19, 2018 15:05

ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар доираи тантанаҳои таҷлили “Рӯзи пойтахт” ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Пешвои миллат – ташаббускори ҳалли масъалаҳои мушкилоти об дар сайёра» доир гардид. Ҳамоиши мазкур дар доираи ҳамкории муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Махкамбой Гулов хабар дод, мақсади баргузории ҳамоиш дастгирии ҷавонон аз ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пешниҳоди Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушду устувор» барои солҳои 2018 — 2028 мебошад.

Дар қисмати расмии чорабинӣ Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар суханронӣ намуда, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар сайёра назаррас, ҳалкунанда ва манфиатбахш маънидод карданд.

Дар идомаи ҳамоиш узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Зайналобудин Кобулиев дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ» ва муҳаққиқону коршиносон, олимони ҷавон дар мавзӯъҳои «Экология ва рушди устувор», «Масъалаҳои асосии идоракунии об дар Осиёи Марказӣ”, «Истифодаи СИГ (ГИС)-технология ҷиҳати арзёбии офатҳои табиии вобаста ба об», «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масъалаҳои марбут ба об», «Тоҷикистон — ташаббускори масоили обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ» ва «Ҳолати захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон» маърӯзаҳо намуданд.

Бино ба иттилои Махкамбой Гулов, рӯзҳои наздик аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузории аксияи тарғиботи таҳти унвони «Сарфаҷӯии об – мароми мост!» ва озмуни расми беҳтарин дар робита ба дастгирии ташаббуси навбатии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушду устувор» барои солҳои 2018 — 2028 дар назар дошта шудааст.

Апрель 19, 2018 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд