Сафари ҳайати Парлумони Тоҷикистон ба Санкт-Петербург

Апрель 11, 2018 10:01

ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров субҳи имрӯз ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар кард. Аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Россия бо даъвати Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/  Валентина Матвиенко сурат гирифтааст.

Интизор меравад, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии Созмони  Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/, ки рӯзҳои 11 ва 14 апрели соли ҷорӣ доир мегарданд, иштирок менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ба ҳайати парлумонии Тоҷикистон раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Шариф Раҳимзода, Ҷӯрахон Маҷидзода ва Олим Салимзода шомиланд.

Апрель 11, 2018 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд