СОЛИ 2020 БО ПЕШНИҲОДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 5500-СОЛАГИИ САРАЗМ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД! Раиси Панҷакент ба хабарнигори АМИТ “Ховар” ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин шаҳри қадимиро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ 18.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли равон дар мулоқоти навбатии худ бо аҳли зиёи мамлакат, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод намуданд, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.
Хабарнигори АМИТ “Ховар” ба Панҷакент сафар карда, Саразм ва дигар ёдгорию мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии ин гӯшаи зебоманзари кишварамонро зиёрат намуд. Маълумотҳое, ки ӯ зимни сафараш ба даст овардааст, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҳамдиёронамон ва сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, қобили таваҷҷуҳ хоҳанд буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Зеро дар мамлакати мо имкониятҳои беҳтарини соҳа мавҷуд буда, табиати биҳиштосои Ватани маҳбубамон дили ҳазорон нафар сайёҳро ба худ мафтун кардааст. Дар ин самт яке аз минтақаҳои ҷолиби диққати сайёҳон — ин шаҳри бостонии Панҷакент мебошад. Дар ин шаҳри қадима мавзеъҳои зиёди таърихиву фарҳангии халқи тоҷик мавҷуд мебошанд. Дар ин хусус мо бо Раиси ин шаҳр Ислом ЗИЁЗОДА ҳамсуҳбат шудем.
АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Раис! Табиист, ки ҳар сайёҳ пеш аз он, ки аз ин ё он мавзеъ дидан намояд, мехоҳад дар бораи таърих, фарҳанг, расму оини он ҷо маълумот дошта бошад. Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз вохӯриҳои худ бо роҳбарону сокинони шаҳри Панҷакент гуфта буданд: «Панҷакент яке аз шаҳрҳои қадимаву номдори минтақаи Осиёи Марказӣ буда, онро садсолаҳо инҷониб дар қатори Балху Марв, Хуҷанду Кӯлоб, Бунҷикату Ҳисор чун яке аз марказҳои тамаддуни ориёӣ ном мегиранд ва мардумаш низ аз қадим соҳибмаърифату сухандон ва нуктадону сухансанҷ мебошанд»…
Ислом Зиёзода: Ин сухани барҳақи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шумо ёдовар шудед, аз шаҳри қадимаву соҳибтамаддун будани Панҷакент башорат медиҳад. Барои онҳое, ки намедонанд, мегӯям, ки ин шаҳри бостонӣ соли 1930 таъсис ёфта, аз 14 ҷамоат иборат мебошад. Аҳолияш зиёда аз 240 ҳазор нафар буда, онҳоро тоҷикон, ӯзбекон ва намояндагони дигар халқу миллатҳо ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, дар гузаштаҳо Панҷакент ҳамчун яке аз шаҳрҳои бонуфузи Осиёи Марказӣ дар Роҳи бузурги Абрешим мақоми намоёнро ишғол карда, дар ривоҷи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоию фарҳангии халқҳои ҳамҷавор саҳми намоён доштааст. Шаҳр аз соли 1926 то соли 1930 минтақаи мустақил буд ва 23 ноябри соли 1930 барҳам дода шуда, дар заминаи он ду ноҳия – Панҷакент ва Заҳматобод таъсис ёфтанд. Соли 1953 ба шаҳри тобеи ноҳия ва аз 14 октябри соли 1959 ба шаҳри тобеи собиқ вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) табдил дода шуд.
Панҷакент дар қисми ҷанубу ғарби вилояти Суғд ҷойгир буда, аз шимол бо вилояти Ҷизах, аз ҷанубу ғарб бо вилояти Қашқадарё, аз ҷануб бо вилояти Сурхандарё, аз ғарб бо вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аз шарқ бо ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҳамсарҳад мебошад. Панҷакент дар водии Зарафшон ҷойгир буда, масоҳаташ 3,7 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад.
АМИТ «Ховар»: 21 сентябри соли 2001 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории қадимии Саразм, ки дорои таърихи 5500-сола мебошад ва дар шаҳри Панҷакент мавҷуд аст, ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардид. 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Президенти мамлакат ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид карда шуд. Хоҳишмандам дар бораи ин мавзеи таърихии мамлакат мухтасаран маълумот медодед.
Ислом Зиёзода: Ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид. Он дар 15- километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45- километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи он қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст. Чаҳор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳо ҷудо карда шудаанд, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонатӣ ба тариқи зайл мебошанд: давраи I – cолҳои 3500-3200 то асри мо; давраи II — солҳои 3200-2900 то асри мо; давраи III – cолҳои 2900-2700 то асри мо; давраи IV –солҳои 2700-2900 то асри мо.
Асоси иқтисоди сокинони Саразмро ҳунармандии махсус ва соҳаи заминдорӣ ташкил медодааст, ки ҳам аз киштукори заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ иборат будааст. Аз охири ҳазораи IV сар карда то асри мо шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои металлургии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рўҳ дар кўҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст. Бо густариши робитаҳо дар миёнаҳои ҳазорсолаи IV то асри мо саразмиён бо марказҳои қадимаи заминдории Туркманистони Ҷанубӣ, Эрон, Балуҷистон, Ҳиндустон ва Афғонистон ҳамкории фарҳангӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ мондаанд. Ҳамин тариқ, шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 таҳти №391 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон– «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардид. 31 июли соли 2010 бо пешниҳоди Президенти мамлакат ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба (солҳои 2003-2005) аз ёдгории Саразм боздид намудаанд. Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои созандаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат давоми солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ болопӯш карда шуданд.
Пешвои миллат зимни мулоқот худ бо аҳли зиёи мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад. Умед дорам, ки ин ҷашн пуршукӯҳ ва хотирмон хоҳад шуд.
АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки ба ғайр аз Саразми бостонӣ дар Панҷакент кадом ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуданд?
Ислом Зиёзода: Дар миқёси шаҳри Панҷакент, тибқи тадқиқоти ҳафриёти бостоншиносии олимон, 333 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд. Алҳол аз ин миқдор дар 21 мавзеъ ҳафриёти бостоншиносӣ ва тадқиқоти илмӣ гузаронида, ба мавзеи сайёҳии шаҳр табдил дода шудаанд. Боқимонда ёдгориҳо, ки 312 ададро ташкил медиҳанд, ба рӯйхати ёдгориҳои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ворид карда шуда, давра ба давра мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
Месазад ёдовар шуд, ки ба ғайр аз Саразм дар Панҷакент чунин мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ мавҷуданд: Оромгоҳи Хоҷамуҳаммади Башоро (дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, деҳаи Мазори Шариф, асрҳои 11-14), Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Абӯдардо (дар ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаи Заврон, асри 19), Оромгоҳи Ҳоҷа Аҳмади Бузург (ҷамоати деҳоти Сӯҷина, деҳаи Сӯҷина, асрҳои 9-12 мелодӣ), Санҷаршоҳ –шаҳрак (ҷамоати деҳоти Сӯҷина, деҳаи Сӯҷина, асрҳои 5-8 мелодӣ), Мадрасаи Олим Додхоҳ 9дар ҳудуди шаҳри Панҷакент, асрҳои 19 мелодӣ), Панҷакенти қадим, (шаҳри Панҷакент, асрҳои 5-8 мелодӣ), Мақбараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Панҷрӯд; соли 1958 ба ифтихори 110-солагии А.Рӯдакӣ бунёд шудааст), Мосриф — нигораҳои рӯисангӣ (ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаи Шинг, аз асри биринҷӣ то имрӯз) ва Рӯдак — нигораҳои рӯисангӣ (ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаи Шинг, давраи неолит) ва чандин мавзеъҳои дигар.
АМИТ «Ховар»: Соли равон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Мехостам бигӯед, ки имрӯз дар шаҳри Панҷакент кадом имкониятҳо барои рушди бештару босуботи соҳаи сайёҳӣ мавҷуданд?
Ислом Зиёзода: Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди иқтисодиёти мамлакат ва беҳбудии зиндагии шаҳрвандон аҳамияти махсус зоҳир менамоянд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 иброз намуданд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад». Тавре зикр намудам, дар миқёси шаҳри Панҷакент тибқи тадқиқоти ҳафриёти бостоншиносӣ, 333 ёдгории таърихӣ-бостонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин миқдор дар 21 мавзеъ ҳафриёти бостоншиносӣ ва тадқиқоти илмӣ гузаронида шуд, ки сайёҳон метавонанд аз ин мавзеъҳо дидан намоянд. Машҳуртарини мавзеъҳои сайёҳии ҳудуди шаҳри Панҷакент – Саразм, Панҷакенти қадим, Ҳафткӯл, Кӯли Аловиддин, Мақбараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Оромгоҳи Хоҷамуҳаммади Башоро ва даҳҳо мавзеи дигар мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди шаҳр чанде қабл дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи бузурги фарҳангию эҷодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Нахуст Пешвои миллат дар саҳни ин Маҷмаа аз рӯи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ парда бардошта, дар пояи он гулчамбар гузоштанд. Пас аз боздид аз маҷмааи мазкур Сарвари давлат онро ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ гузоштанд. Яъне, ин маҷмаа ба симои шаҳр зебоии нав зам намуд ва ба як мавзеи ҷолиби тамошо ва саёҳати сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёфт.
АМИТ «Ховар»: Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ва сиёсати давлатӣ дар ин самт, сайёҳии дохилӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз, мехостем бифаҳмем, ки сайёҳии дохилӣ дар шаҳр дар кадом сатҳ қарор дорад ва барои рушди он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент кадом тадбирҳо андешида шудаанд?
Ислом Зиёзода: Дар замони муосир, ки майли инсоният ба саёҳату фароғат зиёд гардидааст, бешубҳа метавон гуфт, ки сайёҳии дохилӣ низ рушд карда истодааст. Водии Зарафшон бо истифода аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиияш метавонад дар бозори сайёҳии байналмилалӣ рақобатпазир бошад. Азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент, ки қисмати Шоҳроҳи бузурги абрешим маҳсуб меёбад ва тӯҳфаи таърихӣ ва фаромӯшнопазири Сарвари давлат ба сокинони шаҳру деҳоти Панҷакенту ноҳияи Айнӣ ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад, ба рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, сайёҳии дохилӣ мусоидат ҳатман мусоидат хоҳад намуд.
Бо мақсади иҷро намудани нақша – чорабиниҳои «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015 – 2017» дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии дохилӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Қарори раиси шаҳр таҳти № 240 аз 13.04.2015 «Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015 – 2017 » ба имзо расида, таҳти иҷроиш қарор дода шуд. То ин муддат бо ин мақсад дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ва бо дастгирии ташкилоти байналмилалӣ чорабиниҳои гуногун доир карда шуданд. Бо оғози мавсими сайёҳӣ бо иштироки ширкатҳои туристӣ ва сармоягузор ҷаласаи васеи корӣ доир карда шуд. Дар он масъалаҳои ҳалталаб мавриди муҳокима қарор гирифта, аксари мушкилот ва камбудиҳо ҳалли худро пайдо намуданд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018, қарори Раиси вилояти Суғд аз 28 феврали соли 2018 дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», қарори Раиси шаҳри Панҷакент аз 15 марти соли 2018 дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба имзо расиданд. Боварӣ дорам, ки то охири сол ин нақшаи тадбирҳо пурра амалӣ гардида, мо ба ҳадафҳое, ки Сарвари давлат дар назди мо ва кулли мардуми тоҷик гузоштаанд, мерасем ва ба ин васила шумораи сайёҳонро ба миллионҳо нафар мерасонем.
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати сайругаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуд. Дар ин замина мегуфтед, ки соли сипаригардида чӣ қадар сайёҳон аз Панҷакенти бостонӣ боздид ба амал оварданд? Умуман аз кадом давлатҳо сайёҳон бештар ташриф овардаанд?
Ислом Зиёзода: Тоҷикистон, ки онро ҳамчун мамлакати биҳиштосо ном мебаранд ва табиати зебою ҷаззобашро тамошо мекунанд, дар дили ҳазорон нафар сайёҳони олам ҷой гирифтааст. Илова бар ин, тайи чанд соли охир мамлакати азизи мо дар раддабандиҳои минтақавию байналмилалӣ мақоми намоёнро ишғол намуд, ки нишонаи таваҷҷуҳи зиёди Роҳбари давлат ба ин соҳа ва рушди он мебошад. Шаҳри Панҷакент, ки дар ин ҷо мавзеъҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ мавҷуданд, ҳазорон сайёҳро мафтуни табиати зебои худ кардааст. Илова бар ин, мо барои тақвият бахшидани кор дар ин соҳа дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ва бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ чорабиниҳои гуногуни тарғиботӣ баргузор намудем ва ин корро идома дода истодаем.
Соли 2017 дар намуди саёҳати кӯҳнавардӣ, кӯҳию варзишӣ, таърихию фарҳангӣ бештари сайёҳон аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Британияи Кабир, Франсия, Россия, Германия, Япония, Корея, Шветсия, Австралия ва Ҳонконг ташриф оварданд. Дар ин давра ширкатҳои сайёҳии шаҳр аз 39 давлати ҷаҳон 1 ҳазору 745 нафарро ҳамчун сайёҳи байналмилалӣ қабул намуданд. Ҳаҷми даромади хизматрасонии расонидашуда 2 миллиону 058 ҳазору 577 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба андозаи 329 ҳазору 565 сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ин бармеояд, ки ташрифи сайёҳон ба мамлакати биҳиштосои мо, ки бо роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гул-гул шукуфта истодааст, сол аз сол зиёд мегардад. Зеро ҳар ҷойе, ки амну озодӣ ва ободию шукуфоӣ ҳаст, онҷо биҳишти рӯйи замин асту макони сайру саёҳат ва касе аз дидораш худро канор гирифта наметавонад.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ “Ховар” .
Душанбе – Панҷакент — Душанбе