Таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти қалбакӣ ва пастсифат тақвияти ҳамкории мақомоти марбутаро тақозо менамояд

Апрель 28, 2018 11:21

«Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд».

Эмомалӣ Раҳмон 

 ДУШАНБЕ, 28.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти қалбакӣ ва пастсифат ба кишвар яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад». Ин нукта дар ҷараёни мизи мудаввар, ки дар мавзӯи «Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини  амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва пешгирии воридоти  дорувории пастсифат» дар Донишкадаи такмили  ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони масъули мақомоти гумрук ва дигар мутахассисони ниҳодҳои марбутаи мамлакат доир шуд, баён гардид.

Зикр шуд, ки масъалаи  таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз се ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,  дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат махсус таъкид гардида буд. Зимни ироаи Паём ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки барои мукаммал намудани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати бойторӣ тағйироти сохтории заруриро дар ҷумҳурӣ амалӣ намояд. Дар ин росто, дар ҷумҳурӣ Кумитаи  бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки  самти фаъолияташ ба таъмини амнияти озуқавории кишвар нигаронида шудааст.

Иштирокдорони нишаст зимни  баррасии фаъолияти  ҳифзи ҳуқуқии  мақомоти гумрук  дар пешгирии  воридоти  молҳои пастсифат, таъмини  озуқаворӣ ва  чораҳои гумрукии ҷилавгирии воридоти  маҳсулоти пастсифат ва қалбакӣ зикр намуданд, ки  дар асоси муқаррароти  моддаи 66-и Кодекси  гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон,  барасмиятдарории гумрукии молҳои воридотӣ танҳо баъди анҷоми  назорати давлатии санитарию эпидемологӣ,  фитосанитарӣ ва карантини  растанӣ, фармасевтӣ, бойторӣ ва намудҳои дигари  назорати  давлатии  воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.

Таъкид шуд, ки дар  зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ  аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук як ҳолати  воридоти дорувории  пастсифат ба миқдори  беш аз 52  ҳазор дона (конвалюта) ва як ҳолати  воридоти тухми пастсифати мурғ  ба миқдори  185 ҳазор дона ошкор шуд. Зикр гардид, ки воридоти ғайриқонунии  маводи озуқа ва дигар молҳои пастсифату қалбакӣ, инчунин муҳлати истифодаашон гузашта аз хориҷа ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  назорати қатъӣ қарор дорад. Мақомоти гумрук ба ҳайси сохтори таъминкунандаи амнияти иқтисодии кишвар барои пешгирии роҳи баъзе қонуншиканиҳое, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ амалӣ карда мешаванд, ба ҳамкории муштараки самарабахши мақомоти марбутаи кишвар эҳтиёҷ дорад, зеро танҳо дар якҷоягӣ метавон натиҷаи самарабахшро ноил шуд.

Мувофиқи омори гумрукӣ, дар давоми солҳои 2015-2018 дар ҷумҳурӣ 14 ҳазору 960  ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар иртибот ба он 214 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда,  аз ин омор 21 ҳолат ба гардиши маводи мухаддир, 113 ба ҷиноятҳои қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва 80 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ алоқаманд мебошанд.

Дар ин росто, таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва пешгирию ошкор намудани воридоти ғайриқонунии  молҳои пастсифату қалбакӣ  ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат Хадамоти гумрук дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура, амният, андоз ва «Тоҷикстандарт» нақшаҳои  кории муштаракро тартиб дод, ки натиҷаҳои чашмрас ба бор оварда истодаанд.

Аз ин рӯ, дар нишаст роҳҳои тавсеаи бештари  ҳамкории мутақобилан судманди сохторҳои салоҳиятдори мамлакат дар самти ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифату қалбакӣ, хусусан маҳсулоти ғизоӣ  ва доруворӣ матраҳ гардид.

Маврид ба зикр аст, ки таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти хушсифати озуқа, ки омили асосии солимии ҷомеа, пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои гуногун ва ҳифзи генафонди миллат аз хатарҳои замони муосир аст, яке аз масъалаҳои муамсир дар қарни 21 маҳсуб меёбад. Бархе аз соҳибкорону тоҷирон бо мақсади ба даст овардани  фоида ва дар мадди  аввал гузоштани манфиатҳои шахсии худ бо роҳу усулҳои гуногун баъзан маҳсулоти пастсифату қалбакиро вориди бозори истеъмолии мамлакат менамоянд, ки  ба саломатии мардум зарароваранд.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки масъалаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти қалбакӣ ва пастсифат таҳлили амиқу ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Дар ин росто, гирди мизи мудаввар ҷамъ омадани намояндагони ниҳодҳои марбута ба ҳалли масъалаҳои бамиёнгузошташуда такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи таҳлилҳои анҷомдодаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии гумрук наздик ба 5%-и воридоти маҳсулоти ҷаҳон ба таври қалбакӣ ва қочоқ сурат мегирад. Инчунин дар асоси гузориши Комиссияи аврупоӣ, аз 5 то 7% -и маҳсулоти истеҳсолгардида дар ҷаҳон ба таври қалбакӣ ворид мешавад, ки арзишашон  ба 300 миллиард евро дар як сол баробар аст.

Апрель 28, 2018 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд