ТЕФЕРА ГОЗА (ЭФИОПИЯ) ВА ДАРЯ МАСЛОВА (ҚИРҒИЗИСТОН) ПЕШ АЗ ДИГАРОН БА МАРРА РАСИДАНД. Ғолибони Ниммарафони IX байналмилалии шаҳри Душанбе муайян ва қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ниммарафони IX байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии Тефера Гоза аз Эфиопия ва Даря Маслова аз Қирғизистон ба поён расид.
Дар Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе тақрибан 50 варзишгар аз 18 кишвари олам ширкат намуданд. Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар гирифт, аз «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шуруъ шуда, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ ба поён расид.
Дар Ниммарафони IX байналмилалӣ дар сабқати мардон Тефера Гоза аз Эфиопия бо натиҷаи 1 соату 9 дақиқаю 3 сония мақоми аввалро касб кард. Маана Ретер Курушбу аз Кения (1:05,05) мақоми дуввум ва Фенте Гирша аз Эфиопия (1:05,39) мақоми севвумро соҳиб шуданд. Адилет Киштанбеков (Қирғизистон, 1:07,05) ҷойи чаҳорум, Иля Тапкин (Қирғизистон, 1:07,15) ҷойи панҷум ва Андрей Петров (Ӯзбекистон, 1:08,27) ҷойи шашумро ишғол карданд.
Дар сабқати занон Даря Маслова аз Қирғизистон бо натиҷаи 1 соату 13 дақиқаю 38 сония мақоми аввалро касб намуд. Мария Хмелнитская (Ӯзбекистон, 1:16,05) мақоми дуввум ва Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон, 1:14,19) мақоми севвумро соҳиб шуданд. Александра Шафар (Украина, 1:17,53) ҷойи чаҳорум, Мария Коробитеная (Қирғизистон, 1:18,54) ҷойи панҷум ва Мурунги Бетти Касамбӣ (Кения, 1:20,55) ҷойи шашумро гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе ғолибони мусобиқоти гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намуданд. Барои мисол, Тефера Гоза аз давандаҳои машҳури олам аст, ки борҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок ва ғалаба кардааст. Умуман, варзишгарони Эфиопия ҳар сол дар сатҳи ҷаҳонӣ натиҷаҳои баланд ба даст меоранд. Даря Маслова бошад порсол дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Бхубанешвари Ҳиндустон доир шуда буд, ба гирифтани ду медали тилло шарафёб гардид. Ӯро ба ин муносибат шахсан президенти Қирғизистон ба ҳузур пазируфта, муборакбод намуда буд.
Ин варзишгардухтари қирғизистонӣ маротибаи дуюм аст, ки ғолиби Ниммарафони байналмилалии Душанбе мегардад – ду сол пеш низ маҳз ӯ ба дарёфти мақоми аввал ноил гардида буд.
Тавре қаблан хабар дода бедем, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои баргузории Ниммарафони IX байналмилалӣ ба андозаи 398 ҳазору 53 сомонӣ (ҳудуди 45 ҳазор доллари ИМА) маблағ ҷудо намуд. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни занону мардон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро гирифтанд, бо ҷоизаҳои молӣ ба маблағи аз 13 ҳазору 350 сомонӣ то 31 ҳазору 150 сомонӣ сарфароз гаштанд. Аз ҷумла, барои ҷои 1-ум – 31150 сомонӣ, ҷои дуюм- 26700 сомонӣ, ҷои сеюм- 22250 сомонӣ, ҷои чорум – 17800 сомонӣ, ҷои панҷум – 16020 сомонӣ ва ҷои шашум – 13350 сомонӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар Ниммарафони VIII байналмилалӣ дар сабқати мардон Тилаҳун Гирма аз Эфиопия бо натиҷаи 1 соату 4 дақиқаю 58 сония ва дар сабқати занон Виктория Полюдина аз Қирғизистон бо натиҷаи 1 соату 13 дақиқаю 19 сония ғолиб шуда буданд.
Вале варзишгарони тоҷик дар Ниммарафони IX байналмилалӣ аз ҷоизаҳо бенасиб монданд. Бояд гуфт, ки натиҷаҳои беҳтарини варзишгарони тоҷик дар нӯҳ даври ниммарафони байналмилалӣ ҷойҳои чоруми Ҳасан Ғаффоров (солҳои 2013 ва 2016) байни мардон ва Надима Мирзоева (соли 2010 ) миёни занон мебошад.
Ҳамаи ғолибони
Ниммарафони байналмилалии Душанбе (2010-2018):
Байни занон
2010 – Надежда Поволяева (Россия)
2011 – Алёна Самохвалова (Россия)
2012 – Камила Ханипова (Россия)
2013 – Александра Дулиба (Беларус)
2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)
2015 – Юлия Чиженко (Россия)
2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)
2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)
2018 – Даря Маслова (Қирғизистон))
Байни мардон
2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)
2011 – Михаил Биков (Россия)
2012 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)
2013 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)
2014 – Роман Романенко (Украина)
2015 – Юрий Чечун (Россия)
2016 – Либога Вилсон (Кения)
2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)
2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)












Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд






