Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкории гумрукиро тавсеа мебахшад

Апрель 30, 2018 14:59

ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкории  гумрукиро ба роҳ монда, тақвият мебахшанд. Дар ин росто, палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ»-ро тасдиқ намуд. Санади мазкур, ки моҳи декабри соли 2017 дар шаҳри Абу-Дабӣ ба имзо расонида буд, аз ҷониби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомали Раҳмон барои тасдиқ ба Парлумони мамлакат пешниҳод гардид.

Созишномаро дар Парлумони ҷумҳурӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки ҳадафи созишнома таҳкими ҳамкории дуҷониба, таъмини баҳисобгирии амиқ ва ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва дигар пардохт­ҳою хироҷҳо ҳангоми воридоту содироти молҳо, баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ, пешгирии гардиши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо мебошад. Инчунин самти дигари санади мазкур ҳамзамон ба мубодилаи иттилоот, табодули таҷриба байни мақомоти гумруки ду давлат ва таҳқиқу пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ равона гардидааст.

Апрель 30, 2018 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад