ТОҶИКИСТОН ВА КАЙҲОН. Имрӯз аз нахустин парвози инсон ба кайҳон расо 57 сол сипарӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 57 сол муқаддам бори нахуст инсон кайҳонро фатҳ намуд. Дар ин санаи таърихӣ – 12 апрели соли 1961, соати 09:07-и субҳ ба вақти Москва Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» аз космодроми «Байконур» ба кайҳон парвоз намуда, дар атрофи сайёраи Замин чарх зад ва дар таърихи башарият ба давраи кайҳоннавардӣ оғоз ниҳод.
Дар сатҳи киштӣ Юрий Гагарин муддати 108 дақиқа дар кайҳон парвоз кард. Дар давоми парвозаш дар киштии кайҳонӣ Юрий Гагарин хӯрок истеъмол кард, нӯшид ва хоб рафт. Юрий Гагарин аввалин шахсест, ки бо чашми худ дид, ки Замин гирд аст. Расме, ки ӯ дар кайҳон тамошо кард, хеле зебо буд. «Офтоб дар кайҳон нисбат ба Замин бештар дурахшон аст. Ситораҳо дурахшонтар ва равшантар будаанд», -гуфта буд Юрий Гагарин. Барои парвозаш дар фазои кайҳон ва фатҳи он ба Юрий Гагарин унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва рутбаи майор дода шуд.
Дар иртибот ба Рӯзи кайҳоннавардон директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо рушди минбаъдаи фаъолияти кайҳонӣ инсоният бештар дарк мекунад, ки ин санаи муҳим давраи наверо дар таърихи башар боз намуда, ба рушди тамаддуни олам такони ҷиддӣ бахшид.
Бояд тазаккур дод, ки 7 апрели соли 2011 дар ҷаласаи умумии Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон доир гардида буд, 12 апрел Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон карда шуд. Ассамблеяи Генералии СММ тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳониро бо мақсадҳои осоишта барои башарият самарабахш ва муфид унвон кард. Дар ин росто, қарори СММ эътирофи ҷаҳонии нахустин парвози инсониятро ба кайҳон, ки санаи 12 апрели соли 1961 сурат гирифт, тасдиқ намуд. Баъд аз ин рӯйдоди таърихӣ омӯзиши кайҳон фаъол гардид, ки аз натиҷаҳои он ҳоло тамоми ҷомеаи ҷаҳон истифода мебарад.
Шабакаи тамоси ҷаҳонии Интернет, шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои алоқаи мобилӣ маҳз бо шарофати аз худ кардани фазои кайҳонии наздизаминӣ, яъне сар додани радифҳои зиёд ба фазо пайдо шудаанд. Омӯзиши вазъи боду ҳаво ва об, инчунин пешгӯии он, харитасозии сатҳи замин ва муайян кардани координатҳо (воситаҳои GPS), хизматрасонии навигатсионӣ, ҷустуҷӯи канданиҳои фоиданок – ҳамаи ин дастовардҳои инсоният натиҷаи омӯзиш ва истифодаи муваффақонаи кайҳон аст. Инчунин дар озмоишгоҳҳо тавассути радифҳо таҷрибаҳо гузаронида мешаванд, ки ин дар шароити замин ғайриимкон мебошад. Дар натиҷа равандҳои зиёди нави биологӣ, физикӣ ва кимёвӣ омӯхта ва тадқиқ гардида, доруҳо ва моддаҳои нав, технологияҳо ва усулҳои инноватсионӣ ба даст оварда шудаанд, ки татбиқи онҳо барои фаъолият ва рушди ҷомеаи муосир аҳамияти бузург дорад.
Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва истифодаи самараноки фазои кайҳонӣ кадом корҳоро ба анҷом мерасонад? Дар посух ба ин савол Гулчеҳра Қоҳирова афзуд, ки мақсаду вазифаҳои асосии фаъолияти Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта мебошад, ки ин пурра мутобиқи принсипҳои асосии қарори қабулнамудаи Ассамблеяи Генералии СММ аст.
Айни замон дар Институти астрофизика тадқиқот дар самти истифодаи фазои кайҳонӣ идома доранд. Махсусан бо телескопи якметраи Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох мушоҳидаҳо боз ҳам фаъол шудаанд. Мушоҳидаҳои радифҳо ва пораҳои онҳо бо истифодаи асбоби рақамӣ, ки коркарди фаврии маълумоти мушоҳидавиро таъмин менамояд, гузаронида мешаванд. Мушоҳидаҳои фаврӣ барои назорат ва идоракунии дастгоҳҳои кайҳонӣ ва масъалаҳои экологияи фазои кайҳонии наздизаминӣ заруранд. Аз рӯи натиҷаҳои бадастомада як қатор мақолаҳо интишор ва дар ҳамоишу конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузоришу маърузаҳо таҳия ва пешниҳод гардидаанд.
Дар робита ба таҷлили 57-умин солгарди фатҳи кайҳон аз тарафи инсон дар Тоҷикистон оё чорабиниҳо гузаронида мешаванд? Директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ба муносибати Рӯзи байналмилалии кайҳоннавардон барои васеъ ва оммафаҳм гардонидани донишҳои астрономӣ Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Расадхонаи астрономии Ҳисор, ки соли 1956 таъсис дода шудааст, экскурсия ва дарси кушод гузаронид. Дар онҳо мактаббачагон, донишҷӯён ва шаҳрвандон иштирок намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»