«Устод Садриддин Айнӣ ва матбуоти тоҷик»-ҳамоиши илмӣ дар Душанбе

Апрель 11, 2018 16:16

ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Устод Садриддин Айнӣ ва матбуоти тоҷик»-чунин буд мавзӯи ҳамоиши илмие, ки дар шаҳри Душанбе ба муносибати 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ (1878-1954) бо ибтикори Академияи воситаҳои ахбори оммаи /ВАО/ Тоҷикистон  гузаронида шуд.

Дар ҳамоиш олимону адабиётшиносон ва намояндагони ВАО-и чопию электронӣ, инчунин устодону донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Муҳаққиқони осори бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик  Садриддин Айнӣ дар мавзӯъҳои «Садриддин Айнӣ ва матбуоти тоҷик», «Масъалаҳои давлатдории миллӣ дар публисистикаи Садриддин Айнӣ», «Нақши Пешвои миллат дар боло бурдани мақоми устод Айнӣ» ва «Мактаби адабии устод Айнӣ» маърӯза намуда, нақши Садриддин Айниро дар  ташаккули адабиёт ва матбуоти муосири тоҷик ва худшиносии миллати тоҷик муассир арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш раиси Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода зикр кард, ки  маводи ҳамоиши илмӣ дар шакли маҷмӯа барои намояндагони ВАО ва муҳаққиқони соҳа чоп мегардад. Мавриди  зикр аст, ки нависандаи барҷастаи тоҷик  Садриддин Айнӣ бо мероси илмӣ ва адабии худ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, махсусан бо асарҳои таърихӣ, повесту романҳо, ба мисли  «Таърихи инқилоби Бухоро», «Ҷаллодони Бухоро», «Мактаби кӯҳна», «Одина», «Марги судхӯр», «Ятим», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» саҳми бориз гузоштааст. Дар асарҳои Садриддин Айнӣ   таърихи  миллатамон ва муборизаҳои халқи тоҷик  дар роҳи расидан ба озодӣ, ташаккули худшиносии миллӣ ва бунёди ҳаёти нав инъикос гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои бузурги нависандаи барҷаста -Садриддин Айниро дар рушди адабиёти муосири тоҷик қадр намудааст.

8 сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба устод Айнӣ унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Инчунин, соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии зодрӯзи Садриддин Айнӣ дар тамоми ҷаҳон таҷлил гардида, яке аз хиёбонҳои бузурги пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, як ноҳия дар шимоли мамлакатамон ва Театри  давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ гузошта шудаанд. Инчунин, муҷассама ва нимпайкараҳои Айнӣ дар шаҳри Душанбе  ва чандин шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон қомат афрохта, акси нависанда дар асъори миллӣ – 5 сомонӣ тасвир шудааст. Дар шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанд осорхонаҳои адабӣ ва ёдгории нависанда ташкил карда шудаанд.  Яке аз  боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе номи Айниро дорад ва дар он мақбараи устод бунёд карда шудааст. Тирамоҳи соли 2017 боғи мазкур таъмиру таҷдид гардида, ба яке аз маконҳои дӯстдоштанӣ ва сайругашти сокинону меҳмонони пойтахт табдид гардидааст.

 

Апрель 11, 2018 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд