Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байни парлумонӣ таҳти унвони «Ҷаҳони кушода» ба Амрико сафар намуданд

Апрель 10, 2018 09:17

ДУШАНБЕ,10.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ба Амрико сафар намуданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, вакилони Маҷлиси намояндагон Баҳодур Акрамзода, Гулбаҳор Ашурзода, Фирӯза Шарифӣ ва кормандони масъули дастгоҳи мақоми олии қонунбарор Хушмуҳаммад Нуридинзода ва Абдулвоҳид Аслонов бо дастгирии Сафорати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи табодули байни парлумонӣ таҳти унвони «Ҷаҳони кушода», ки рӯзҳои 9-21 апрели соли равон дар Амрико доир мегардад, иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз барномаи мазкур шиносоӣ ба таҷрибаи Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар соҳаи роҳбарикунӣ ва идоракунӣ мебошад. Ширкаткунандагони барнома дар давоми даҳ рӯз, аз ҷумла бо фаъолияти мақомоти федералӣ, давлатӣ ва маҳаллӣ ошно хоҳанд шуд.

Апрель 10, 2018 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид