Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо олимони самти гуманитарии мамлакат мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо олимони варзидаи мамлакат дар соҳаи илмҳои филология, фалсафа ва таърих мулоқот доир намуд.
Дар мулоқот муҳимтарин масъалаҳои илму фарҳанги ватанӣ, махсусан фаъолнокии донишмандони самтҳои гуманитарӣ дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ, саҳми онҳо дар таблиғу ташвиқи андешаҳои истиқлолхоҳӣ, ваҳдату якдилӣ ва худшиносии миллии дунявӣ мавриди баррасиву арзёбӣ қарор гирифтанд.
А. Раҳмонзода диққати ҳозиринро махсусан ба таҳқиқу таблиғи васеи ду масъалаи мубрами фарҳангиву сиёсӣ -аввалан, тарғибу ташвиқи ғояҳои волои Истиқлолияти давлатӣ, аҳамияти бузурги он дар таърихи чандҳазорсолаи халқи тоҷик, саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти миллӣ ва сониян, таҳқиқу таҳлили тамоми паҳлӯҳои ҷашнҳои сегонаи Наврўз, Меҳргон ва Сада ҷалб намуд.
Таъкид карда шуд, ки олимони самти гуманитарии мамлакат дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва рақобатҳои мафкуравӣ бояд беш аз пеш аз худ фаъолнокӣ зоҳир намуда, ҷанбаҳои таърихӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва фалсафии ғояҳои Истиқлолияти давлатиро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳанд. Дар мавриди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада зикр гардид, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар таҷлил кардани онҳо корҳои илмиву амалии мукаммал ба сомон расонида, ҷиҳати бо шаклу тарзи нотакрор ва мазмуну муҳтавои нав баргузор кардани идҳои мазкур фикру мулоҳизаҳои худро аз дидгоҳи илмӣ асоснок пешниҳод намоянд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






