ҲАДАФИ ҲАМАИ АДЁНИ ОЛАМ – ТАРБИЯИ ИНСОН АСТ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа

Май 31, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон доир гардид, муҳимтарин   масъалаҳои ҳаёти ҷумҳуриро дар бар гирифта, миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа  ҳамовозӣ   ба амал овард.

Дар робита ба  ин  мавзӯъ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой СУЛТОНӢ ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  андешаҳояшро чунин баён намуд:

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон   дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат аз лиҳози вусъат, фарогирии масъалаҳо ва қаробат ба зеҳну тафаккури табақаҳои гуногуни ҷомеа қобили таваҷҷуҳи махсус аст.

Инсон ва таҳкими ҷаҳони маънавӣ, арзишҳои диниву дунявӣ, вижагиҳои моҳи шарифи Рамазон ҳамчун айёми амалҳои хайру савоб, тақвияти мубориза алайҳи терроризму экстремизм аз умдатарин бахшҳои суханронии Пешвои муаззами миллат буданд. Агар дар маҷмӯъ нигоҳ кунем, дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат, пеш аз ҳама, инсон меистад, инсоне, ки маскуни гаҳвораи умумии башарият  — рӯи Замин аст ва на дар маҳдудаи ин ё он макони ҷуғрофӣ  зиндагӣ мекунад. Ба ин маънӣ, дар суханронӣ  дардҳои ҷомеаи имрӯзи башар ба таври возеҳ баён гардиданд.

Бо назардошти он ки ин  суханронӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон доир гардид, Пешвои миллат асоси ҳикмати маънавии ин моҳро «ғолибияти ақл бар нафс» маънидод карданд, ки комилан дуруст буда, аз ҳикматҳои беш аз ҳазорсолаи инсон  ва таълимоти дини мубини ислом, ки «нафс таҳриккунанда ба сӯи бадиҳост» — мегӯяд, сарчашма мегирад. Дар ин бора Мавлоно мегӯяд:

Ҷумла Қуръон шарҳи хубси нафсҳост,

Бингар андар  мусҳаф, он чашмат куҷост?

Боиси таъкид аст, ки андешаҳои Пешвои миллат дар доираи андешаҳои мутафаккирони як халқу миллат маҳдуд набуд, балки дар зимни ин суханронӣ садҳо китобу рисолаҳо ва афкори ахлоқии башар таҷаммӯъ ёфта, дар суханҳои зерин: «ҳадафи ҳамаи динҳо тарбияи инсони комил аст» ба хубӣ ифода ёфта буд.

Масъалаи дигаре, ки дар суханронии Президенти маҳбуби мамлакат баён гардид, тағйирёбии иқлим, нақши инсон дар он ва пайомадҳои он дар зиндагии башар буд. Дар ин бахш бо мисолҳои мушаххас оид ба норасоии обу ғизо ва ҳалокати ҳазорон одамони сайёра, ки бар асари муносибати ғайриоқилонаи инсон бо табиат – хонаи умумии башарият ба тасодум ва буҳронҳои маънавию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ мегардад, изҳори назар карда шуд. Танҳо ҳамин ишораи Пешвои миллат, ки дар 70-80 соли охир тасарруфи инсон ба табиат ва тағйироти олам ба дараҷаест, ки дар зарфи мавҷудияти даҳҳазорсолааш мушоҳида нагардидааст, ҳар як сокини рӯи Заминро ба андеша водор мекунад.

Инсон, муаммоҳои ҷаҳонишавӣ, низоъҳо ва таъсири онҳо дар зиндагии инсоният. Таҳлили ин бахши андешаҳои Сарвари давлат низ, ки бо далелҳои қотеъ ва дақиқи илмӣ сурат гирифт, инсонро ба шинохти неъмати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот, оромию осудагӣ, дӯст доштани Ватан ва арзишҳои он  раҳнамоӣ мекунад.  Зеро, имрӯз воқеан ҳам, инсониятро доман паҳн кардани ин падидаи номатлуб  ба ташвиш овардааст, ки ба сурати як навъ ориза, агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад. Ин  масъала идомаи мантиқии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

Заминаи аслии ин зуҳуроти нигаронкунанда нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии иддае аз аъзои ҷамъият аст, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳи ҷомеаи осудаи моро зарур аст, ки алайҳи ҳама гуна равандҳои харобкор муқовимат карда, дар пойдории сулҳу ваҳдати комил саҳмгузор бошанд. Зеро танҳо мавқеи устувор дар баробари ҷараёнҳои номатлуб ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоии мамлакат афзуда, фазои зиндагии моро аз таҳдиди хатарҳо эмин нигоҳ медорад.

 

Май 31, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ