Акрамшо Фелалиев: «Мо аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Марокаш дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ қаноатмандем»

Май 3, 2018 14:53

ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Мо аз сатҳи ҳамкории  Тоҷикистону Марокаш дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва Форуми ҳамкории иқтисодии арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойон изҳори қаноатмандӣ менамоем».  Чунин иброз намуд муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев зимни мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Марокаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷалил Саубри.

А.Фелалиев инчунин афзуд, ки муносибатҳои дуҷониба бо Марокаш яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор мераванд ва Тоҷикистон хостори  густариши ҳамкорӣ  бо ин кишвари арабӣ аст.

Зикр гардид, ки табодули тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Марокаш ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва бинобар ин, имконоти мавҷудаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ бояд самаронок истифода бурда шаванд.

Мусоҳибон ҳамчунин масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯстро  баррасӣ намуда, ба масъалаҳои татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ дар бахши энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Май 3, 2018 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид