Алекен Еминбахэ ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 22.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 23 май муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар назар аст, ки Алекен Еминбахэ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намояд.
Тибқи иттилои манбаъ, инчунин муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ ва ҳамроҳони ӯ аз Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз» ва Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», майдони «Дӯстӣ», Боғи Устод Рӯдакӣ, Маҷмааи Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойҳои зебоманзараи ноҳияи Варзоб дидан менамоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






