“ҒАМИ ШОИР МИЛЛАТУ ВАТАН АСТ…”. Ховаршинос, профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Зафар Мирзоён дар сӯгвории шоири шаҳир Бозор Собир

Май 8, 2018 09:59

ДУШАНБЕ, 08.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Супориши қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дипломатҳои баландҷойгоҳи Тоҷикистон Фарҳод Салим ва Маҳмадамини Маҳмадамин дар мавриди парастории шоистаи шоири беҳамтои тоҷик Бозор Собир, ки дар бемористони Иёлоти Муттаҳидаи Америка бистарӣ буд, бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистонро Худованд Пешвои донову хирадманд бахшидааст. Ва чун беҳтарин пизишкон натавонистанд дили шоирро дармон бибахшанд ва акнун ки шоир ба ҳазорсолагон пайвастааст, бо супориши дигари Ҷаноби Олӣ бояд пайкари орамидаи шоирро бозоварда, ба синаи Модари аз модар болотараш – Тоҷикистони муқаддас ҷой диҳанд, ки низ нишонгари гувоҳест, аз доштани Сарвари баномус, ки намегузорад мазори нобиғаҳояш дар замини ноошно ҷойгоҳ дошта бошад.

Чанд сол пеш бо супориши Ҷаноби Олӣ пайкари нобиғаи дигари адабиёт, сухансарои қаҳрамонони тоҷик устод Сотим Улуғзода аз Москва бозоварда, ба хокдони пойтахти кишвар супорида шуда буд. Бояд донист, ки на ҳама роҳбарони пешинаи тоҷикон чунин неру ва ҳавсалаи баланд ва ғуруру номуси миллӣ доштанд. Ҳамон гуна ки касе аз мо намедонем устод Лоҳутӣ ҳангоми ба лаб овардани суханони вопасин дар бемористони Москва  чӣ гуфта буд. Забони Лоҳутӣ ба хонуми пизишкёри рус ошно набуд ва ба пиндори бархеҳо, Лоҳутӣ мехост бигӯяд, ки «пайкарамро ба Тоҷикистон бибаред».

Барои бозовардани пайкари Бозор Собир ба Ватан дипломатҳои тоҷикро душвории сангине дар пеш аст; шоир шаҳрвандии ИМА-ро пазируфта буд ва он давлат ҷанозаи шаҳрвандашро бо осонӣ ба кишвари дигар нахоҳад дод.

Ба пиндори мо Бозор Собир шоирест, ки пас аз Фирдавсиву Носири Хусрав беҳтарин шеърро дар васфи Меҳан ва забони тоҷикӣ сурудааст ва дар замони шӯравӣ навиштаҳои ӯ дар бедорсозии шуури мардум ва рў овардан ба худогоҳии миллӣ нақши шоёне бозидаанд. Ба ин баландии шеъри Бозор Собир на ҳама шоирони замон расида буданд ва ҳанӯз ҳам на ҳама арзиши беҳамтои сурудаҳои ӯро пай бурдаанд.

Ин нуктаро мехоҳам ёдовар шавам, ки ба забони тоҷикӣ шеър гуфтан осон аст, зеро, ки ин забон худаш забони шеър аст. Вале шеъри асил, каломи манзуми ноб гуфтан хеле душвор аст, чунки ба ин забон ҳазорҳо сухандонон сухангустарӣ кардаанд. Ба ҳамин далел шоир онеро мегӯянд, ки гуфтаҳои ин ҳазоронро ба такрор нагуфта бошад.

Бозор Собир ба силсилаи шоирони бикргуфтору тозаандеш шомил аст. Ҳанӯз 20-30 сол пеш дар зикру фикри ин қавм бо шӯру меҳр, фарёду фиғон, нафрину нолаву навҳа, агар ин тавр гуфтан ҷоиз бошад, шеъри миллӣ гуфтааст. Ба пиндори инҷониб беҳтар аз Бозор Собир касе бахшида ба ин Ватану ин қавм сухани ноб нагуфтааст. («Тоҷикистон», «Бухоро», «Туро ҳамчун Бухоро дӯст медорам»), Исмоили Сомонӣ («Девори Бухоро»), дар бораи Хӯҷанду хӯҷандиҳо, кӯлобиҳо, самарқандиву бухориҳо (Ғазои Восеъ», «Барои Турсун Акбар», «Барои Лоиқ», «Ба Раҳим Ҳошим», «Дар ёдбуди Муҳаммадҷони Раҳимӣ», «Ёдат ба хайр Муаззама»,) суғдиҳо («Чашми кабуди суғдӣ»), Эрон («Наврӯзи Эрон»), забони тоҷикӣ («Забони модарӣ»).

Ба нигар мерасад мисли Бозор Собир танҳо Лоиқ тавониста буд, ки дилҳои мо донишҷӯёни он солҳоро барои гиромидошти забонамон, миллатамон, кишварамон ба таппиш оварад. Бозор Собир, агар хешро ба осмонҳо ҳам бухор кунад, аз Тоҷикистон ҷудо буда наметавонад.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад ватандор аст ӯ,

То забондор аст бисёр аст ӯ.

Инак, устод Бозор Собир ногуфтаҳояшро дар бозгашти охир ба Ватан гуфт. Ба гумони мо солҳо буд, ки мехост ба дидори Сарвари кишвар расида бигӯяд: «Шумо ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои миллат ҳазор бор арзандаю сазовор мебошед.» (Бозоварда аз гуфтаи Бозор Собир)…

…Имрӯз Миллат бо Пешвои хеш интизорӣ мекашанд, то ба бори ахир нозбардори шоири ватансарояш бошанд. Нози вопасини шоир хеле осон аст; дар синаи пурмеҳри Ватан хобидан. Аммо анҷом додани ин кори осону сода баҳри шоири шӯридаву ноороме, бо табъи саркашу дарёие ҳатман душвор хоҳад буд.

Дар сӯги устоди Меҳанпарасту Меҳансаро Бозор Собир шеър хоҳем хонд, шеъре аз девони моломоли дарди ватандорӣ.

Зафар МИРЗОЁН

 

Маълумоти АМИТ «Ховар»:

     Зафар Мирзоён факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда,  солҳои 70-ум  дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа намудааст. Донишманд  «Шоҳнома»-и безаволи Абулқоим Фирдавсиро китоби рӯимизии худ қарор дода, фаъолияти илмии худро ба таҳқиқи таърихи миллат ва ниёгони тоҷик бахшидааст.

Чанд сол пеш дар шаҳри Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ» созмон дода, ҳаводорони ин асари оламшумул ва дӯстдорони шеъру адабро ба ҳам овард.

Соли ҷорӣ дар ҷаласаи моҳи марти Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа, ховаршинос Зафар Мирзоён унвони «Профессори ифтихорӣ» дода шуд.

Зафар Мирзоён яке аз олимони сермаҳсул буда, пайваста мақолаҳояш дар рӯзномаҳову маҷаллаҳои илмӣ чоп мешаванд. Инчунин, муаллифи чанд китоби илмист. Танҳо дар соли 2017 дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои Тоҷикистон   36 мақола чоп кардааст, ки онҳо ба мавзӯи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бахшида шудаанд.

 

Май 8, 2018 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард