Ҷамила Саидова, муовини Вазири кишоварзии ҶТ: «Тоҷикистон ва Россия Маркази тақсими яклухт созмон медиҳанд»
ДУШАНБЕ, 31.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Саидова иброз дошт, ки Тоҷикистону Россия нақша доранд дар ҳудуди ҷумҳурӣ Маркази тақсими яклухт таъсис диҳанд. Дар ин бора ӯ дар Конфронси шашуми ҳамкории байниминтақавии кишварҳо, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, изҳори назар кард,- менависад Агентии хабарии «Спутник».
Ӯ зикр намуд, ки таъсиси ин гуна Марказ барои ривоҷи ҳамкорӣ дар самти интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ зарурат дорад.
«Дар раванди чорабиниҳои муштараки Вазорати кишоварзии Тоҷкистон ва ҳайати тиҷоратии Федератсияи Россия дар ҷумҳурӣ мавзеи ҷойгиршавии Маркази тиҷоратӣ мушаххас гардид, ки он ҳама гуна инфрасохтори заруриро дар худ ҷойгир хоҳад кард»,-афзуд Саидова.
Муовини вазир ҳамчунин зикр намуд, ки тайи солҳои охир намояндагони комплекси кишоварзии кишварҳои ҳамшарик як қатор барномаҳои ҳукуматиро таҳия кардаанд, ки ба баланд бардоштани иқтидори содиротӣ мусоидат хоҳанд кард. Лоиҳаҳо ҷиҳати густариш додан ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, сифати маҳсулот ва ташкили боғҳои интенсивии нав равона карда шудаанд.
Дар баробари ин, ӯ ёдоварӣ намуд, ки Вазорати кишоварзии кишвар ҳамкории худро бо Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия дар асоси созишномаҳои амалкунанда оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи кишоварзӣ, ки соли 2008 ба имзо расида буд, амалӣ менамояд.
То имрӯз татбиқи созишномаҳо миёни ду давлат дар сатҳи баланд қарор дорад. Миёни кишварҳо табодули маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус воридоти тухмии картошка аз Россия ба Тоҷикистон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






