Ҷамила Саидова, муовини Вазири кишоварзии ҶТ: «Тоҷикистон ва Россия Маркази тақсими яклухт созмон медиҳанд»

Май 31, 2018 15:47

ДУШАНБЕ, 31.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Саидова иброз дошт, ки Тоҷикистону Россия нақша доранд дар ҳудуди ҷумҳурӣ Маркази тақсими яклухт таъсис диҳанд. Дар ин бора ӯ дар Конфронси шашуми ҳамкории байниминтақавии кишварҳо, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, изҳори назар кард,- менависад  Агентии хабарии «Спутник».

Ӯ зикр намуд, ки таъсиси ин гуна Марказ барои ривоҷи ҳамкорӣ дар самти интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ зарурат дорад.

«Дар раванди чорабиниҳои муштараки Вазорати кишоварзии Тоҷкистон ва ҳайати тиҷоратии Федератсияи Россия дар ҷумҳурӣ мавзеи ҷойгиршавии Маркази тиҷоратӣ мушаххас гардид, ки он ҳама гуна инфрасохтори заруриро дар худ ҷойгир хоҳад кард»,-афзуд  Саидова.

Муовини вазир ҳамчунин зикр намуд, ки тайи солҳои охир  намояндагони комплекси кишоварзии кишварҳои ҳамшарик як қатор барномаҳои ҳукуматиро таҳия кардаанд, ки ба баланд бардоштани иқтидори содиротӣ мусоидат хоҳанд кард. Лоиҳаҳо ҷиҳати густариш додан ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, сифати маҳсулот ва ташкили боғҳои интенсивии нав равона карда шудаанд.

Дар баробари ин, ӯ ёдоварӣ намуд, ки Вазорати кишоварзии кишвар ҳамкории худро бо Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия дар асоси созишномаҳои амалкунанда оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи кишоварзӣ,  ки соли 2008 ба имзо расида буд, амалӣ менамояд.

То имрӯз татбиқи созишномаҳо миёни ду давлат дар сатҳи баланд қарор дорад. Миёни кишварҳо табодули маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус воридоти  тухмии картошка аз Россия ба Тоҷикистон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Май 31, 2018 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»