Аъзои Маҷлиси миллӣ қабули Қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»-ро дар таъмини амният дар роҳҳои кишвар муҳим арзёбӣ намуданд

Май 12, 2018 10:01

ДУШАНБЕ, 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 11 май дар шаҳри Душанбе доир гардид,  аъзои Маҷлиси миллӣ дар радифи беш аз 20 масъалаи ҳаётан муҳим ҳамзамон як қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»-ро, ки ба таъмини амнияти бехатарӣ дар роҳҳои кишвар, хусусан риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои мамлакат мусоидат менамояд, баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо васитаҳои ахбори омма, аъзои Маҷлиси миллӣ ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Ҳамзамон ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва «Дар бораи маориф» аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд. Масъалаҳои зикргардида аз ҷониби раисони кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Фарҳод Раҳимӣ, Амирзода Раҳмоналӣ Амир ва Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ тавзеҳ дода шуданд.

Зикр гардид, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои зикргардида ин такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозӣ ба Конститусия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба таҳкими волоияти қонун, рушди иқтисоди миллӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат мусоидат менамояд. Аз ҷумла, зимни ҷонибдорӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»  таъкид гардид, ки тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонуни мазкур аз сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, бо мақсади ба низоми ҷаҳонии таҳсил ворид гардидан ва баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши аҳли ҷомеа, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ ва аз худ намудани илмҳои техникии муосир равона гардидааст.

Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллӣ инчунин аъзои палатаи бооии Парлумони мамлакат тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бозхонд намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ва Шарифзода Асрор Нор қарорҳои дахлдор қабул намуда, Шарифзода Асрор Нор барои даҳ соли оянда судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамзамон аъзои Маҷлиси миллӣ масъалаҳои марбут ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини  шаҳрҳои Истаравшану Конибодом ва ноҳияи  Бобоҷон Ғауфуровро баррасӣ ва ҷониборӣ намуданд.

Май 12, 2018 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд