БА РОҲИ ОХИРАТ. Тоҷикистон бо Муъмин Қаноат видоъ кард
ДУШАНБЕ, 19.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 18 май пас аз зуҳр, баъд аз бемории тӯлонӣ, ду рӯз пеш аз 86-умин солгарди умри худ, шоири барҷастаи тоҷик Муъмин Қаноат аз олам даргузашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Наслҳои гуногуни адибони тоҷик аз эҷодиёти саршор аз меҳру муҳаббати шоир ғизои маънавӣ гирифта, ба камол расидаанд.
Номи нек ва осори ватандўстонаи Муъмин Қаноат дар хотираи мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд».
Агар гӯем, ки адабиёти тоҷик ба талафоти бебозгашт рӯ ба рӯ шуд, кам аст. Гаронии ин талафотро шоире имрӯз чунин ба қалам додаст:
Дод аз дасти аҷал!
Гарчи бо пои равон омада буд,
Дигар имрӯз равад сар- сари даст,
Ҳамчу як кӯзаи зар дӯш ба дӯш.
Боз дар хоки Лучоб
Мешавад пайкари як шоир хок…
Устод Муъмин Қаноат вориси арзандаи анъанаҳои адабиёти ҳазорсолаи класикии тоҷику форс ва идомадиҳандаи фаъолияти созандаву бунёдкоронаи раҳнамоёни безаволи хеш — С. Айнӣ, М. Лоҳутӣ ва М. Турсунзода буд. Ба мисли Мирзо Турсунзода, ки Муъмин Қаноат ҷойгузини ӯ дар вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд ва муддати мадид ба он сарварӣ кард, Муъмин Қаноат аз адабиёти муосири тоҷик ба сӯи шеъри ҷаҳон ҷӯяҳои нав кашид.
Достони ӯ «Суруши Сталинград», ки ба муборизаи қаҳрамононаи халқҳо бар зидди фашизм бахшида шудааст, алалхусус баъд аз тарҷумаи Роберт Рождественский шуҳрати калон пайдо кард. Сипас, тавассути тарҷума ба бисёр забонҳои дигари олам дастраси хонандагони сершумор гардид. Барои ин достони муассир ҳамчунин достони «Модарнома» устод сазовори Мукофоти давлатии ИҶСС шуд. Маршал В. Чуйков, иштирокчии муҳорибаи Сталинград, дар муҳокима иброз дошт, ки «Суруши Сталинград» дар радифи «Ҷонпаноҳҳои Сталинград»-и Виктор Некрасов беҳтарин асар дар бораи мардонагию шуҷоати муҳофизони шаҳри қаҳрамони соҳили Волга мебошад.
Ҳамаи асарҳои устод, хоҳ «Мавҷҳои Днепр» бошад, хоҳ «Китобҳои захмин», хоҳ «Гаҳвораи Сино» ва ғайра аз тафаккури эпикию миқёсан фарохи шоири волосухан шаҳодат медиҳанд ва бо ғановати забону истеъдоди офаридани образҳои тиранопазир, ки аз умқи таърих ва ҳаёти муосир гирифта шудаанд, хонандаро мутаҳайир месозанд. Шеъре, ки Муъмин Қаноат ҳанӯз дар овони ҷавонӣ дар васфи забони ноби модарӣ сурудааст, бешак яке аз беҳтарин асарҳост дар ин мавзӯъ.
Имрӯз калимаи «устод» забонзада ва ҳатто беқадр шудааст ва аксаран беҷо истифода мешавад. Вале, агар ин калима барҳақ ба касе муносиб бошад, пас бегумон ӯ устод Муъмин Қаноат аст. Чунон ки мегӯянд, аз остини ӯ ҳам Лоиқ Шералӣ, ҳам Бозор Собир, ҳам Гулрухсор ва ҳам Гулназар ва дигарон баромадаанд. Ӯ бо хоксорию фурӯтании ба худаш хос ҷавонони зиёдеро тарбия ва ба роҳи калони адабиёт гусел намудааст. Маҳз бо маслиҳати ӯ дар Душанбе аввали солҳои 80-уми асри гузашта нахустин курс-конференсияҳои адибони ҷавон роҳандозӣ гардиданд, ки баътар чандин иштирокчиёни онҳо, ба мисли Низом Қосим, Муҳаммадзамони Солеҳ, Ҷонибек Акобиров, Рустами Ваҳҳоб, Меҳринисо, Қодири Рустам ва дигарон бо асарҳои ҷолиб ва хонданӣ вориди адабиёти тоҷик гардиданд ва собит намуданд, ки ба боварии устоди номдори худ сазоворанд.
Муъмин Қаноат, метавон гуфт, қариб ба тамоми адибони тоҷик,ки баъди солҳои 70-ум ба майдони адабиёт омадаанд, ҳаққи устодӣ дошту дорад. Ҳаводорони ашъори дилпазираш дар байни ҷавонони имрӯза низ хеле зиёданд. Онҳоро марги шоири миллат хеле ғамгин ва озурда гардонид. Яке аз онҳо, Фарангис Исломова, имрӯз чунин навиштааст:
Во дареғ, аз ин диёр як мурғи хушгуфтор рафт,
Булбули ширинадо аз шохи ин гулзор рафт.
Ёд меорем шогирдон варо бо зикри хайр,
Ҳайфи он марди асил бар даргаҳи Ҷаббор рафт.
Дар достони «Суруши Сталинград» чунин шоҳбайте ҳаст:
Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд.
Метавон гуфт, ки ин шоҳбайт шиори эҷодӣ, шаҳрвандӣ ва ҳаётии сухансарои бузург буд ва ба он то лаҳзаи охири умр содиқ монд. Маҳз бо вазну тамкин ва сухани ҷонофраз устод дар тамоми Тоҷикистон ва берун аз он шӯҳравар гардидааст.
Имрӯз, дар рӯзи дафни Муъмин Қаноат яке аз адибони машҳури Россия ва яке аз тарҷумонҳои ашъори шоир Михаил Синельников дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук чунин нигоштааст:
«Хабари фавқулода ғамангез ва боварнокарданӣ: даргузашти Муъмин Қаноат… Инак, Тоҷикистон дар муддати як моҳ ду шоири тавонои худро аз даст дод… Мо бо Муъминшо муносибатҳои дерини дӯстона доштем. Як вақтҳо ман достони ӯ «Гаҳвораи Сино»-ро ба забони русӣ тарҷума карда будам… Ба ғаму андӯҳи халқи тоҷик шарикам, ба онҳо изҳори ҳамдардӣ намуда, ба аҳли хонаводаи шоири марҳум сабри ҷамил мехоҳам».
…18 май маросими дафни устод Муъмин Қаноат баргузор гардид. Дар намози ҷаноза, ки дар Масҷиди марказии ба номи Хоҷа Яъқуби пойтахт, чунонки интизор мерафт, мардуми зиёде ҷамъ шуд. Барои хайрбод бо устод Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон, Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода, гурӯҳи калони олимон ва адибон бо сарварии президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим омаданд.
Баъд аз ҷаноза корвони сермошини мотамӣ ҷониби Оромгоҳи Лучоб, ки солҳои охир куллан дигаргун шудааст, равон гардид. Дар он ҷо ҷисми марҳум дар паҳлӯи шоирони мумтози Тоҷикистон Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ ба хок супурда шуд ва… руҳи поки ӯ сӯи осмонҳо парвоз кард.
Хотираи устод Муъмин Қаноат ҷовидон бод!
Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»
















РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд






