Боздиди роҳбари намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир аз Парлумони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 02.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар мулоқоти раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода бо роҳбари намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир /DFID/ дар Осиёи Марказӣ Питер Фернандес Карди ва муовини мудири шуъбаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёнаи DFID дар Душанбе баррасӣ гардид.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории гуногунсоҳа, бахусус робитаҳои парлумонӣ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба густариши бештари муносибатҳо бо Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ бо Британияи Кабир таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки Вазорати рушди байналмилалии Британия дар Тоҷикистон аз соли 2003 инҷониб фаъолият дорад. Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Британия дар самти иқтисод ва савдо дар марҳилаи рӯ ба рушд қарор дошта, тибқи омори расмӣ, ҳаҷми мубодилаи мол байни ду давлат дар 9 моҳи соли гузашта беш аз 3,4 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки аз он 2,8 миллион ба воридот ва наздик ба 600 ҳазор доллари амрикоӣ ба содирот рост меояд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибатҳо, хусусан равобити байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Британияи Кабир изҳори қаноатмандӣ намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






