Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов озмуни «Дастони моҳир» баргузор гардид
ХУҶАНД. 02.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озмуни “Дастони моҳир” баргузор гардид.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” аз шуъбаи фарҳанги ноҳия иттилоъ доданд, чорабинии асосии озмун дар назди хиёбони Исмоили Сомонии маркази ноҳия бо иштироки роҳбарият ва намояндагони мақомоти маҳалливу ҷамоатҳо, фаъолон ва наздик ба 100 нафар ҳунармандону устоёни касбу кори гуногун сурат гирифт.
Дар озмун аз ҷониби косибону ҳунармандони чирадастӣ панҷ ҷамоати ноҳия беш аз 25 намуд маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба маърази иштирокдорону ҳакамони озмун гузошта шуд.
Дар баробари устоёни соҳибтаҷриба муҳассилини маҳфилҳои ҳунаромӯзии макотиби миёнаи ноҳия низ бо маҳсули меҳнати худ, аз қабили наққошиву чубкорӣ, рассомиву гулдузӣ ва ғайраҳо иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ зикр гардид, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузории озмуни «Дастони моҳир», пеш аз ҳама, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, махсусан рушд додани ҳунарҳои хос мардумии косибони маҳаллӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба инкишофи бонизоми намудҳои гуногуни ҳунармандӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа мебошад.










ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






