Дар шаҳри Роғун Фестивал-озмуни шаҳрии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2018» баргузор гардид

Май 17, 2018 10:11

РОҒУН, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади  эҳёи мероси фарҳангӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни ҷавонону наврасон дар ҷодаи  санъати рақс, сурудхонӣ, навозандагӣ, овозхонӣ, ҳаҷву  мутоиба, ҳунармандӣ ва пазандагӣ миёни донишҷӯёни коллеҷҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр даври ҷамбастии Фестивал-озмуни шаҳрии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2018» баргузор гардид.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ  доданд, ғолибони озмун бо диплом ва ифтихорномаҳои раиси шаҳр кадрдонӣ гардиданд.

Муовини раиси шаҳри Роғун Фирӯза  Файззода зикр намуд, ки Фестивал-озмуни шаҳрии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2018» бо мақсади  ҷалби занону духтарон ба фарҳанги миллии либоспӯшӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни ҷавонону наврасон дар ҷодаи  санъат ва ҳунарҳои мардумӣ  гузаронида шуд.

Май 17, 2018 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд