Дастаи футболи «Хуҷанд» бо 23 имтиёз пешсафи ягонаи Лигаи олии Тоҷикистон шуд

Май 25, 2018 16:21

ДУШАНБЕ, 25.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии даври 10-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и Хуҷанд  ва «Истиқлол»-и Душабе   бо ҳузури 8500 тамошобин баргузор шуда, бо ҳисоби 4:3  ба фоидаи  дастаи футболи  «Хуҷанд»-и Хуҷанд    анҷом ёфт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин аввалин бохти  дастаи  футболи «Истиқлол» дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад.

Дастаи  «Хуҷанд» бо роҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов баъди ин пирӯзӣ бар рақиби аслиаш  дастаи «Истиқлол» дар ҷадвали мусобиқа бо 23 имтиёз пешсафи ягона шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи  «Истиқлол», ки нисбат ба дастаи  «Хуҷанд» се хол камтар гирифта, як бозӣ камтар кардааст, дар зинаи дуюм қарор дорад. Дастаи футболи «Хатлон»-и Бохтар  бошад, бо 13 имтиёз мақоми сеюмро касб намудааст.

 

Май 25, 2018 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд