ДАСТИ САФОИ ШАФҚАТ. Имрӯз — Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои тиббӣ
ДУШАНБЕ, 12.05.2018. /АМИТ “Ховар”/. Мо ҳама дар зиндагӣ борҳо бо мардуми хилъати сафедпӯш вохӯрдаем. Инҳо кормандони шифохонаю бемористонҳо, кормандони соҳаи тиббанд. Онҳое, ки зиндагӣ ва касбу корашонро ба баландтарин ҳадаф, ба ҳифзи саломатии мардум бахшидаанд. Оё чӣ касбе шарафмандтару пурифтихортар аз ин хоҳад буд, ки ҳаётатро ба ҳифзи қимматтарин ва боарзиштарин дороии инсон саломатии он бубахшӣ. Аммо дар байни ин мардуми хилъати сафедпӯш, дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ як гурӯҳе ҳастанд, ки вожаи бисёр арзишноку баланди “шафқат”-ро ба онҳо нисбат медиҳанд. Инҳо ҳамшираҳои тиббӣ ё ҳамшираҳои шафқат ном доранд. Ҳамасола 12 май дар тамоми олам рӯзи ҳамшираҳои шафқат таҷлил мешавад.
Пешаи ҳамшираи тиббӣ яке аз инсондӯстортарин пешаҳо дар олам аст. Чӣ касберо боз метавон ном бурд, ки дар худ ин қадар хислат ва сифатҳои баланди рӯҳонӣ, мисли ҳамдардию меҳрубонӣ, шафқату сабру тоқат, зиракию ҳушёрӣ, таваҷҷуҳу раҳмдилӣ, саводнокӣ ва касбияти баландро ҷамъ овардаю таҷассум карда бошад? Дар раванди муолиҷа ҳамшираи шафқат баландтарин нақшро амалӣ месозад. Иҷрои таъйиноти духтур, нигоҳубини бемори вазнин, гузаронидани амалиёти зиёди мураккаб ва масъулиятнокро маҳз ӯ ба зимма дорад. Ҳамшираи шафқат ҳамчунон дар пажӯҳиш ва таҳқиқи беморӣ ва омода кардани бемор барои амалиёти фаврӣ бевосита иштирок мекунад. Ин ҳама талаботи баланд ба замми донишу таҷриба боз сифатҳои баланди одобу муомилаву забондониву хушгуфториро аз ҳамшираи тиббӣ тақозо доранд.
Ҳамшираи тиббӣ дар таҳқиқи беморӣ, омодасозии ӯ ба амалиёти фаврӣ ва назорат ба беморон нақши бузург мебозад. Ин амалиёт бидуни шубҳа аз ӯ касбияти баланд, дақиқиву зиракӣ, қобилияти ёфтани муносибати дуруст бо беморону хешовандони онҳоро талаб мекунад.
Ҳушёриву зиракӣ, дастгирии рӯҳонӣ, муносибати гарму меҳрубонӣ ба бемор баъзан бештару беҳтар аз доруҳо даркоранду таъсиргузоранд. Беҳуда нест, ки дар замонҳои қадим ҳамшираҳои тиббиро ҳамшираҳои шафқат меномиданд. Ин унвон на фақат симои касбӣ, балки ҳамчунин симои ахлоқиву маънавии онҳоро таҷассум менамуд. Пешаи ҳамширагӣ аз қадим ҳамеша инъикоси шафқат ва хайрхоҳӣ буда, ҳамеша бо чунин фаҳмишҳо, мисли некӣ, сабру таҳаммули беохир, ҳунари нигоҳубини бемор алоқамандӣ дошт.
Танҳо дар сурати соҳиб будан ба ҳама ин сифатҳои шоиста, метавон рӯз то рӯз вазифаи на он қадар осони ҳамшираи тибро иҷро кард, то ки бо ин ранҷу азоби одамонро кам намуда, ба бозгашти саломатии саҳмгузор бошӣ. Ба андешаи экспертҳо (мумайизон), шифои бемор ва ба зиндагии солим бозгардонидани он 80 фоиз аз кӯшишу амали ҳамшираҳои тиббӣ вобастагӣ дорад. Ба д-ин тариқ ҳаёт ва саломатии ҳазорҳо одам аз касбият ва худфидоии ҳамшираҳои тибб бобаста аст. Ин ҷавобгарии баланду бузургест, ки ба дӯши ҳамшираи тибб масъулити бузурги ҳам ахлоқиву ҳам тиббӣ, аз ҷумла пайваста боло бурдани сатҳи касбӣ ва нав кардани дониши худ во мегузорад.
Фаъолияти ҳамшираҳои тиббӣ фақат бо иҷрои вазифаҳои ҳатмии онҳо дар бемористону шифохонаҳо маҳдуд намешавад. Ҳамчунин ба вазифаву фаъолияти пурсамару некманишонаи онҳо расонидани кумак ба ҷарроҳон ҳангоми амалиёт, мусоидат ба беморони шифогиранда, нигоҳубини маъюбон ва беморони вазнину солхӯрда дар хонаҳояшон ва ё муассисаҳои махсус низ дохил мешавад. Ба ҷуз ин фаъолияти ҳамшираи тиббӣ бо инсонҳои солим низ алоқамандӣ дорад, ки ин ширкати ҳамшираҳои тибб дар чорабиниҳои профилактикӣ, нигоҳдошти муҳити ҳолатҳои санитарию эпидемиологӣ ва беҳдошти экологии муҳити зистро низ дар бар мегирад.
Бори аввал мафҳуми “фаъолияти ҳамшира”–ро Флоренс Найтингейли номдор, ҳамшираи тибби англис, ки чун ташкилдиҳанда, муассис ва бунёдгузори ин пеша маъруф аст, дар соли 1859 асос гузоштааст. Ӯ дар китоби худ “ Навиштаҳо оид ба тарзи нигоҳубин” ҳадаф ва нозукиҳои ин касбро муайян ва раҳнамоӣ намудааст. Ӯст, ки пешаи ҳамшираи тибро аз пешаи табиб тафриқа мегузорад ва мегӯяд, ки фаъолияти ҳамшираи тиббӣ дониши хоса, таҷрибаеро тақозо мекунад, ки табиб метавонад онҳоро набинад.
Ин аст, ки 12 май — рӯзи зодрӯзи Флоренс Найтингейл рӯзи ҳамшираҳои тиббӣ дар ҷаҳон эълон шуда, аз соли 1971 инҷониб таҷлил мегардад.
Ҳамшираҳои шафқат расолати на он қадар осон, аммо шарафмандонаи худро дар хизмат ба кори неку инсонигарӣ, хусусан дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон идома доданд. Теъдоди ним миллион ҳамшираҳои шафқат, фелдшер ва санитарҳои Иттифоқи Советӣ на фақат дар муолиҷаву нигоҳубини беморону захмхӯрдагон кумак расониданд, балки онҳоро аз майдонҳои ҷанг бар дӯш бардошта берун оварданд.
Имрӯзҳо одамизод на кам аз пешин ба раҳму шафқат ва ҳамдардӣ ниёз дорад. Мисли пешин бештар ба ин кӯдакони ятим, маъюбон, одамони солхӯрдаи танҳо, беморони вазнин эҳтиёҷманданд. Ба онҳо беш аз доруҳои қиммат сухани нарму умедбахш ва таваҷҷуҳ лозим аст. Пеш аз ҳама, онҳо интизори ҳамин ҳамшираи шафқат мебошанд, аз ҳама азизтарин ва наздиктарин шахс барои онҳост.
Дар асоси нишондодҳои оморӣ дар Ғарб ба ҳар ҳамшираи шафқат панҷ бемор рост меояд, вале дар кишварҳои пасошӯравӣ ин теъдод ба бист нафар мерасад. Беш аз 80 дарсади заҳмату масъулияти муолиҷаи бемор бар дӯши наҳифи ҳамшираҳои шафқат аст. Теъдоди мардон дар ин соҳа ночиз мебошад.
Аммо бемор, мизоҷе нест, ки вобаста ба пардохташ ба ӯ хизмат расонӣ. Ӯ инсонест, ки ба кумак ниёз дорад ва аз ин кумак саломатӣ ва баъзан ҳаёти ӯ вобастагӣ дорад. Онҳое, ки пешаи ҳамшираи шафқатро интихоб мекунанд, инро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошанд ва хусусан аз ёд набаранд, ки онҳо аллакай дар соҳаи тандурустӣ кор мекунанд. Беҳуда нест, ки ҳамшираҳои шафқат пеш аз он ки ба ин роҳ раванд қасам ёд мекунанд ва ваъда медиҳанд, ки барои ғояҳои баланди инсонӣ бо садоқат хизмат хоҳанд кард.
Ҳамшираҳои шафқат
Бо қомате, ки равшан,
Аз хилъати сафед аст.
Бо чеҳраи дурахшон,
К-огандаи умед аст.
Аз рўяшон бирезад,
Бар мо сафои шафқат.
Як даста латфу меҳранд,
Ҳамшираҳои шафқат.
Дасте пур аз навозиш,
Чашме пур аз тарови.
Аз меҳрашон биёбад,
Ҳар дарду ранҷ коҳиш.
Лутфи Худост гўё,
Дасти сафои шафқат.
Бо меҳру лутфу раҳмӣ,
Ҳамшираҳои шафқат.
Рӯйе, ки нур дорад,
Ҳарфе, ки сур дорад.
Ҷону вуҷуди бемор,
Аз он ҳузур дорад.
Бишкуфта хайру эҳсон,
Дар лобалои шафқат.
Бо хайру бо сафоянд,
Ҳамшираҳои шафқат.
Дидорашон чу ид аст,
Дар рӯяшон навид аст.
Файзу умеду нусрат,
Дар хилъати сафед аст.
Бахшанд ҳастии худ,
Умре барои шафқат.
Зебову меҳрубонанд,
Ҳамшираҳои шафқат.
Камол НАСРУЛЛО,
АМИТ “Ховар”