«ДУШАНБЕРО ЗЕБО КАРДЕД…». Сарвазири Федератсияи Россия Дмитрий Медведев пас аз расидан ба Тоҷикистон аз зеботар шудани пойтахти кишвар ситоиш кард
ДУШАНБЕ, 31.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре аллакай хабар додем, Сарвазири Федератсияи Россия Дмитрий Медведев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯ ҳангоми дидор бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки тамоми масоили ҳамкориҳои стратегии Душанбеву Москваро баррасӣ кунанд. Чунин хабар додаст имрӯз агентии «Спутник»-и Россия.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дмитрий Медведевро ба муносибати таъин гаштанаш ба симати раиси Ҳукумати Россия муборакбод гуфт, омадааст дар хабари мазкур. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «рушди муносибатҳои кишвар бо Россия яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон дар оянда низ ҷонибдори нумӯи муносибатҳо бо Россия хоҳад буд».
Медведев саломи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро ба Эмомалӣ Раҳмон расонид. Вай афзуд, рамзист, ки аввалин сафари хориҷии вай баъди аз нав ба ҳайси Раиси Ҳукумати ФР таъйин шуданаш маҳз ба Тоҷикистон сурат гирифтааст. Сарвазири Россия пешниҳод кард, ки тамоми ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шаванд.
Дмитрий Медведев тағйиротҳои солҳои охири намуди Душанберо махсус зикр кард. «Ман ҳоло ба Душанбе ворид шудам ва дидам, ки шаҳр хеле зебо ва бароҳат шудааст»,- гуфт Медведев. Вай афзуд, симои дигар гирифтани пойтахт- аз хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.








КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад






