«ДУШАНБЕРО ЗЕБО КАРДЕД…». Сарвазири Федератсияи Россия Дмитрий Медведев пас аз расидан ба Тоҷикистон аз зеботар шудани пойтахти кишвар ситоиш кард

Май 31, 2018 15:38

ДУШАНБЕ, 31.05.2018./АМИТ «Ховар»/.   Тавре аллакай хабар додем, Сарвазири Федератсияи Россия Дмитрий Медведев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон  омад.  Ӯ ҳангоми дидор  бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки тамоми масоили ҳамкориҳои стратегии Душанбеву Москваро   баррасӣ кунанд. Чунин хабар додаст имрӯз агентии «Спутник»-и Россия.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Дмитрий Медведевро ба муносибати таъин гаштанаш ба симати раиси Ҳукумати Россия муборакбод гуфт, омадааст дар хабари мазкур. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «рушди муносибатҳои кишвар бо Россия яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон дар оянда низ ҷонибдори нумӯи  муносибатҳо бо Россия хоҳад буд».

Медведев саломи  Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро ба Эмомалӣ Раҳмон  расонид. Вай афзуд, рамзист, ки аввалин сафари хориҷии вай баъди аз нав ба ҳайси Раиси Ҳукумати ФР таъйин шуданаш маҳз ба Тоҷикистон сурат гирифтааст.  Сарвазири Россия пешниҳод кард, ки тамоми ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шаванд.

Дмитрий Медведев  тағйиротҳои солҳои охири намуди Душанберо махсус  зикр  кард. «Ман ҳоло ба Душанбе  ворид шудам ва  дидам, ки шаҳр хеле зебо ва бароҳат шудааст»,- гуфт Медведев. Вай афзуд,  симои  дигар гирифтани пойтахт- аз хизматҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Май 31, 2018 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»