Фаъолияти самараноки «Шаҳри бехатар» дар ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва коҳиши вазъи садаманокӣ дар пойтахт
ДУШАНБЕ, 02.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» дар соли гузашта ва семоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 1,5 миллион ҳуқуқвайронкунӣ ошкор карда шуд», — чунин зикр намуд муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА дар Парлумони мамлакат зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», ки дар таҳрири нав қабул гардид.
Мавсуф афзуд, ки аз 1,5 миллион ҳуқуқвайронкунии ошкоргардида беш аз 6,6 ҳазори он дар ҳолати мастӣ, зиёда аз 330 ҳазор бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 1372 бо шишаҳои сиёҳу хиракардашуда, инчунин 6 ҳазору 422 қоидавайронкуниҳо бе рақами давлатӣ ва бо рақамҳои қайди бегона буда, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ чораҳои дахлдор андешида шудаанд.
Абдураҳмон Аламшозода афзуд, ки бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пурзӯр гардонидани ҷазои маъмурӣ дар зарфи се моҳи аввали соли равон ҳуқуқвайронкуниҳои дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт коҳиш ёфтааст. Агар дар зарфи се моҳи соли гузашта дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 261 вазъи дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шуда бошад, пас ин омор дар се моҳи соли равон 669 ҳолатро ташкил медиҳад. Инчунин бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт дар зарфи се моҳи соли гузашта беш аз 11,5 ҳазор ҳолат ва дар тули се моҳи соли равон 334 ҳолатро ташкил медиҳад. Яъне, тамоюли ин намуди ҳуқуқвайронкуниҳо якчанд маротиба кам гардидааст.
Муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъкид кард, ки дар соли гузашта дар ҷумҳурӣ 18 ҳолати идораи воситаҳои нақлиёт дар пойгаҳои ғайрирасмӣ мушоҳида гардида буд, дар соли равон то ҳол ягон ҳолат ба қайд гирифта нашудааст.
Инчунин, А. Аламшозода дар назди вакилони Парлумони мамлакат роҷеъ ба коҳиш ёфтани вазъи садаманокӣ дар пойтахт дахл намуда, онро натиҷаи фаъолияти самараноки низоми худкори «Шаҳри бе хатар» арзёбӣ намуд.
Дар соли гузашта ва се моҳи соли равон тавассути «Шаҳри бехатар» зиёда аз 300 ҳазор ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва ба буҷети ҷумҳурӣ 30 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст. Ҳамзамон дар зарфи соли равон дар ҷумҳурӣ садамаҳои нақлиётӣ 4 фоиз ва шумораи ҷароҳатбардоштагон 6,6 фоиз кам гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ 1,6 ҳолати садамаи нақлиётӣ рост меояд. Ин омор дар Қазоқистон 9,9 ва дар Қирғизистон 9,4 ҳолатро ташкил медиҳад.
Дар ин росто, мукаммал намудани меъёрҳои ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» талаби замон ва ба манфиати ҷомеа аст, зеро самти қонуни мазкур ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, ба баланд бардоштани интизом ва маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва самаранокии фаъолият дар танзим ва бехатарии он бевосита мусоидат хоҳад кард.












Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






