ФУРУДГОҲ – ДАРВОЗАИ МАМЛАКАТ. Хизматгузорӣ ба меҳмонон ва сайёҳон маҳз аз ҳамин ҷо шуруъ мешавад…

Май 1, 2018 11:55

ДУШАНБЕ, 01.05.2018. /АМИТ «Ховар»/.   Дирӯз бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва Маркази рушди инсон «Само» семинари омўзишӣ баргузор намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар семинар роҳбарият ва намояндагони Кумита ва Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе иштирок намуда, масъалаҳои қабулу хизматрасонӣ ба сайёҳон, тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва расонидани иттилооти зарурӣ ва саривақтӣ ба сайёҳонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад ва тибқи нишондиҳандаҳои омории бозори сайёҳӣ, дар Тоҷикистон бо дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат тамоюли устувори баландшавии гардиши сайёҳӣ ба назар мерасад.

Дар рафти семинар иттилоъ дода шуд, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар хадамоту шуъбаҳое, ки бевосита ба хизматрасонии мусофирон сару кор доранд, ҳамарўза бо мусофирон ва меҳмонони ба кишвар воридшуда пурсишҳою мониторинг гузаронида, дархосту талабҳои онҳоро ба қайд мегиранд ва мавриди муҳокимаю коргузорӣ қарор медиҳанд. Инчунин, дар толори қабул ва гусели меҳмонони фурудгоҳ китоби арзу шикоятҳо мавҷуд аст, ки аз ҷониби меҳмонон фаъолона истифода мешавад. Дар толори мусофирон телевизор ҷойгир карда шудааст, ки мавзеъҳои сайёҳии кишварро бо маълумоти дақиқ таблиғ менамояд. Дар майдони назди аэровокзали фурудгоҳ 3 адад лавҳаи иттилоотӣ бо нишондоди маълумоти зарурӣ бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ насб карда шудааст.

Май 1, 2018 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд