Худобердӣ Холиқназар, директори МТС: «Фароҳам овардани имконияти гирифтани қарзҳои дарозмуддати камфоиз барои соҳибкорон омили рушди истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда мегардад»

Май 18, 2018 14:38

ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Яке аз омилҳои босуботи ташаккул ва инкишофи низоми истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорон фароҳам овардани имтиёзҳо ба шумор меравад. Яке аз ин гуна имтиёзҳои муҳим, пеш аз ҳама, фароҳам овардани имконияти гирифтани қарзҳои дарозмуддати камфоиз мебошад». Ин нуктаро имрӯз зимни мизи муддавар дар мавзӯи «Ташаккул ва инкишофи низоми истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар тазаккур дод.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медихад, дар кори мизи мудаввар коршиносон, намояндагони бахши хусусиву давлатӣ ва роҳбарияту кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ иштирок намуда, оид ба масъалаҳое, ки бевосита ба таъмини рушди минбаъдаи молҳои воридотивазкунанда дар кишвар бахшида шудаанд, табодули назар карданд.

Ба андешаи Худобердӣ Холиқназар, таҷриба нишон дод, ки рушди истеҳсолот ва имкониятҳои васеи Тоҷикистон метавонанд имрӯз бисёре аз молҳои то солҳои 2010-2015 воридшавандаро иваз намоянд ва Тоҷикистон ҳамчун содироткунандаи ин маҳсулот дар минтақа гардад.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ дар идома сементро мисол оварда, ёдовар шуд, ки ин маҳсулот қаблан аз Покистону Афғонистон ба ҷумҳурӣ ворид мегардид ва имрӯз Тоҷикистон қодир аст, ки натанҳо бозори дохилиро бо семент таъмин кунад, балки онро ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистону Покистон низ содирот намояд. Зикр карда шуд, ки барои самаранокии кор дар ин самт мебояд аз таҷрибаи пиёдасохтаи кишварҳои пешрафта омӯхт.

«Таҷрибаи кишварҳои дигарро бояд омӯзем. Барои мисол, Ҷумҳурии Мардумии Чин солҳои 2000-ум ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода, барои соҳибкорон имконияти гирифтани қарзҳои дарозмуддат бо фоизи камро (ҳамагӣ 2 фоиз) фароҳам овард, — таъкид намуд Х. Худобердӣ. Дар натиҷа, соҳибкорон ин имкониятро самаранок истифода бурда, тавонистанд, ки ҳам худашон сарватманд шаванд ва ҳам буҷаи давлатро ғанӣ гардонанд».

Муовини Сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амин Одинаев ҳадафи асосии баргузории ин мизи мудавварро, пеш аз ҳама, дар ташкили муҳокимаҳои созанда ва мубодилаи афкор перомуни имконияту маҳдудиятҳои таъмини истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда дониста, баён дошт, ки дар доираи ин мизи мудаввар масъалаҳое баррасӣ шуданд, ки онҳо метавонанд барои рушди минбаъда ва барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар кишвар мусоидат намоянд. Мавсуф афзуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ Барномаи давлатии мусоидат ба содирот барои солҳои 2016- 2020 таҳия ва мавриди татбиқ қарор дорад, ки дар доираи он монеаҳо ва мушкилоти асосие, ки метавонанд барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда монеа ба вуҷуд оваранд, мушаххас гардида, роҳи ҳалли онҳо низ муайян шудааст, ки метавонад барои рушд ва афзоиши минбаъдаи истеҳсоли молҳои дорои хусусияти содиротӣ мусоидат намояд»,-зикр кард А.Одинаев.

Май 18, 2018 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст