Имрӯз – Рӯзи умумиҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир

Май 12, 2018 09:20

ДУШАНБЕ 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз соли 1918 “Аҳдномаи байналмиллалӣ дар хусуси  парандаҳои муҳоҷир” имзо шуда буд.   Мақоми  байналмиллалиро иди парандагони муҳоҷир (WMBD) соли 2006 гирифт. Аммо ин иқдом ҳанӯз соли 1993 ба зуҳур омада буд. Ва ташаббускорони ин чорабинӣ орнитологҳои озмоишгоҳи Корнеллаи Амрико буданд…

Ин барномаи ҳарсолаи тарғиботию ахборотӣ зарурати муҳофизати парандаҳои кӯчӣ ва ҷойҳои сукунати онҳоро ба миён мегузорад. Ин ҳаракат дар зери ҳимояву дастгирии Барномаи СММ оид ба ҳифзи табиат ва муҳити зист дар асоси ду шартномаи байналмилалӣ оид ба ҳимояи табиат – Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷир (CMS)  ва Созишнома оид ба ҳимояи парандаҳои обӣ-ботлоқии афро – аврупоӣ (AEWA) таъсис ёфтааст. Рӯзи байналмилалии парандагони муҳоҷир ҳар сол рӯзҳои шанбе ё якшанбеи дуюми моҳи май таҷлил карда мешавад. Имсол ин рӯз ба 12 май рост меояд.

Дар ин рӯз конфронсҳои мавзӯӣ, маърӯзаву семинарҳои маърифатӣ ташкил карда мешаванд, ки иштирокчиёни он масъалаҳои  мубраму муҳими муҳити зистро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Маълумот аз хусуси камшавии теъдоди парандаҳои муҳоҷир шунида мешавад. Ба муҳофизони табиати зинда, онҳое, ки саҳми сазовори худро дар ҳифзи парандагон гузоштаанд, арҷгузрӣ зоҳир мегардад. Фаъолони фондҳо ҷомеаро аз масъалаҳои имрӯзӣ дар ин самт меогоҳонанд. Фестивалҳои паррандагон барпо мегарданд. Саёҳатҳо ба мамнӯъгоҳҳои парандагон ташкил мешаванд ва дар телевизионҳо барномаҳои ҳуҷҷатӣ оид ба маҳвшавии  намуди паррандаҳои муҳоҷир намоиш меёбанд.

Ҳар сол дар чорабинии бахшида ба Рӯзи байналмиллалии парандаҳои муҳоҷир як мавзӯи ҷиддӣ пайгирӣ мешавад. Масалан, соли гузашта мавзӯи рӯз “Шикор ва куштору боздошту савдои ғайриқонунии парандаҳои муҳоҷир” буд. Соли 2017 мавзӯъ “Парандагони муҳоҷир: ояндаи онҳо – ояндаи мост” ном дошт. Солҳои мухталиф мавзӯъҳое мисли “Парандагони муҳоҷир ва одамон – бо ҳам баъди асрҳо”, “Таъсиси шабакаҳо барои парандагони муҳоҷир” ҳадафи баррасиву таҳқиқиқ қарор гирифтаанд.

Дар тамоми дунё идораҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мактабҳои оливу миёна ва шахсони алоҳида барнома ва чорабиниҳоеро бо ҳадафи ҷалби диққати ҷомеа ба масъалаҳои вобаста ба парандаҳои муҳоҷир таҳия ва амалӣ менамоянд. Чорабиниҳои зиёди ин ҳаракат мардумро ба ҳимояи ҷойи зисти парандагони кӯчӣ дар ҳама гӯшаҳои олам даъват мекунанд.

Оид ба ҳаёти парандагони муҳоҷир далелҳои аҷиби зиёдеро метавон мисол овард:

Ҳар даҳум парандаи муҳоҷирро хатари маҳфшавӣ дунболагир аст.

Тарзи ҷойгиршавии парандагон ҳангоми парвоз ба шакли теғ ё фона, мисли секунҷа  имкон медиҳад, ки муқовимати гурӯҳ дар парвоз кам ё сабуктар шавад. Села мавқеи худро вобаста ба ҳаракати ҳамсояи наздиктарини худ муайян мекунад.

Биноии прандагон чунон шакл гирифтааст, ки онҳо сади шишаҳои шаффофро мушоҳида намекунанд. Аз бархӯрд бо чунин садҳо ҳамасола 300 миллион паранда нобуд мешавад. Барои пешгирии ин бархӯрд олимон шишаҳоеро ихтироъ карданд, ки парандагон онҳоро мушоҳида кунанд.

Ҳар сол тирамоҳу баҳор қариб 50 миллиард паранда дар тамоми олам аз лонаҳои зотии худ  барои зимистонгузаронӣ ба сафар мебарояд ва баҳорон боз мегардад. Барои паранда ин роҳи хеле хатарноку хастакунанда мебошад, ки баъзан даҳҳо ҳазор километрро фаро мегирад. Дар тӯли ин сафар парандаҳои муҳоҷир норасоии ғизо, ҳуҷуми дарандаҳо, вазнинии шароитҳои обу  ҳаворо таҳаммул карда, аз болои баҳрҳо, кӯҳҳои сарбафалак, чӯлу биёбонҳои беоб гузашта, баъзан маҷбуранд, ки ба ҷои таваққуфгоҳи гумкардаи худ таваққуфгоҳи нав ёбанд. Одамон ҳам тасодуфан ё махсус  садҳое мегузоранд, ки сафари парандаҳоро гаронтар месозад.

Ҳимояи парандаҳои муҳоҷир ва манзилгоҳҳои онҳо аз ҷониби мо — одамон дар тамоми тӯли роҳи парвози онҳо шарти зарурест, то ки  дар оянда низ ин парандагон дар канори мо бимонанд. Аз байн рафтани баъзе намуди парандаҳо таҳдид бар мувозинат ва рангорангии табиатест, ки мо ҳам дар он зиндагонӣ мекунем.

Зинда мондани парандаҳои муҳоҷир аз фароҳам овардани шароит  ва ҳимояи  шабакаи ҳудуди табии роҳи парвози парандагон  вобаста мебошад. Таваққуфгоҳҳои мусоид ва мувофиқ ба парандагони муҳоҷир аз он ҷиҳат заруранд, ки онҳо ғизо хӯрдаву  хастагиро бароварда, ба роҳи парвозашон идома бидиҳанд. Фаъолияти одам  бевосита ва ё бавосита ба ин қаламравҳо зиёни худро мерасонад.  Мутаассифона бо аз байн рафтани мавзеъҳои муҳими сукунат дар табиат баъзе намудҳои парандагоне, ки истифода аз онҳо мекарданд низ аз байн мераванд.

Роҳи парвози парандаҳои кӯчӣ одатан аз чандин кишварҳо ва ҳатто қитъаҳо ва уқёнусҳо мегузарад. Аз ин рӯ барои ноил шудан ба натиҷаи хуб, ҳамкорӣ дар сатҳи байникишварҳо лозим аст. Амалиёти якҷоя ва чорабиниҳои муштараки ҳокимиятҳо ва ташкилотҳои ҳифзи табиат, олимон ва ҷомеа зарур аст, то ҳимояи ҳаёти парандагон таъмин карда шавад.

Муҳоҷират ҷараёни мураккабест, ки бо таваккалҳои зиёде мувоҷеҳ аст. Муттаасифона инсон бисёр вақт ҳаёти парандагони муҳоҷирро мураккабтар месозад. Илова ба аз байн рафтани таваққуфгоҳҳо, зиёни на камро шикору боздошти парандаҳо барои ғизо мерасонанд. Барои аҳолии бисёре аз кишварҳо парандаҳои муҳоҷир аз қадим манбаи муҳими сапеда ба ҳисоб мерафтанд. Аммо дар солҳои охир насли нави шикорчиён, масалан дар Аврупо ва Шарқи Наздик, суннату қонуниятҳои ахлоқии гузаштагонро дар ин маврид пушти по зада, аз шикори муқаррарӣ ба қир кардани зоти парандагон гузаштаанд. Ҳамчунон, дар баъзе кишварҳои Африқо ва Осиё  парандагонро ҳангоми ҳиҷрат маҳз барои хурокворӣ шикор мекунанд, на ба мақсадҳои дигар. Ҳамасола дар кишварҳои баҳри Миёназамин қариб 25 миллион парандаи ваҳшӣ ғайриқонунӣ дошта мешавад. Ҷойи аввалро дар ин рӯйхати “сиёҳ” Миср (5,7 миллион) ишғол мекунад. Италия бо миқдори андак камтар  (5,6 миллион) ҷойи дуюм дар дунё ва якум дар Аврупоро мегирад. Дар ҷойи сеюм Сурия (3,9) меистад. Ин мамлакат дар яке аз роҳҳои муҳими  ҳиҷрати парандагон ҷой гирифта,  қариб, ки қонунияте дар мавриди  шикор надорад. Барои аҳолии он шикор аз қадим манбаи асосии ғизо маҳсуб меёфт. Аммо вақтҳои охир насли нави шикорчиён аз риояи низоми шикори гузаштагони худ дур шуданд ва шикор ба маҳву нобудкунии ҳайвонот табдил ёфт.

Ҳадаф аз таҷлили ҳамасолаи Рӯзи байналмиллалии парандагони муҳоҷир   ҳифзи парандаҳои муҳоҷир ва муҳити зисти онҳост. Ин заруратест, ки  онро худи ҳаёт,  ақли солим ва андешаи фардои ҳастии инсон пешорӯи инсоният гузоштааст.

Ин зуҳурот, яъне муҳоҷирати парандагон яке аз нишондиҳандагони ҳаёт дар замин, саломатӣ ва сифати муҳити зист, тағйироти иқлим  ба шумор меравад ва ба шарофати фаъолияти парандагони муҳоҷир мувозинати тартибу сохтори экологӣ дар маҷмӯъ нигоҳ дошта мешавад. Масалан, баъзе растаниҳо маҳз тавассути парандаҳои муҳоҷир гардолуд мешаванд. Агар парандагонро хатари маҳвшавӣ таҳдид кунад, ин нишонаи равшани тағйирёбии шарту шароитҳои зиндагии онҳо мебошад, ки метавонад ба ҳаёти намудҳои дигар ҳам таъсир расонад. Муҳофизат ва ҳимояи  парандаҳои муҳоҷир ва муҳити зиндагии онҳо – шарти зарурӣ барои ҳамзистии минбаъдии онҳо бо одамон аст. Аз байн рафтани намудҳои алоҳидаи парандаҳо дар маҷмӯъ таҳдидест ба рангорангии табиат ва рӯзгори мо — одамон. Инсонҳо имрӯз ва ҳамеша бояд бо таваҷҷуҳ нисбат ба парандагон, нисбат ба тамоми табиат зиндагӣ ва фаъолият кунанд, зеро табиат асоси ҳастии мост ва худи мо ҳам як узви табиат ҳастем. Ин аст, ки ҳар нафари мо барои маҳви он, ки сароғози маҳви зиндагии худи мост, ҷавобгарем.

Камол НАСРУЛЛО,

                                                                     ходими адабии АМИТ “Ховар”,

Шоири Халқии Тоҷикистон,

дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

Май 12, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаронсаро тӯфони «Флориан» фаро гирифтааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Панҷ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар натиҷаи заминларза дар Чин 95 нафар ҳалок гардида, 130 нафар захмӣ шуданд
Дар ноҳияи Ишкошим пайомадҳои тарма бартараф карда мешаванд
Бар асари барфрезии шадид дар ИМА чаҳор нафар ҳалок гардид
Соли нави «рақамӣ»: Чӣ тавр муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» наздикони худро табрик намуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Туркия сардии ҳаво то 33 дараҷа расидааст
Дар натиҷаи таркиш дар Покистон 4 нафар ҳалок ва 32 нафар захмӣ гардид
Донишгоҳи давлатии Бохтар соли 2024 ба даҳгонаи аввали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дохил гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли кошин сохта мешавад
Дар шарқи Канада бар асари шамолҳои тӯфонӣ ҳазорон нафар бе барқ монданд