Имрӯз тамоми осорхонаҳои ҷумҳурӣ дарҳои худро барои меҳмонону тамошобинон ба таври ройгон боз мекунанд
ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил карда мешавад, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки як зумра чорабиниҳоро баргузор намояд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, Кумита шурӯъ аз 10 то 23 майи соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ бахшида ба ин рӯз таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда истодааст. Дар доираи ин тадбир имрӯз, 18 майи соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ҳамоиши умумиҷумҳуриявии тамошои ройгони осорхонаҳо баргузор мегардад.
Дар ин рӯз тамоми осорхонаҳои ҷумҳурӣ дарҳои худро барои меҳмонону тамошобинон ба таври ройгон боз мекунанд. Ин ҳамоиш метавонад дар ҳифзу нигоҳдошти мероси қадимаи ниёгони миллати тоҷик, пос доштани арзишҳои маънавию таърихӣ ва тарбият намудани ҷавонон дар роҳи худшиносиии миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.











Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






