Имрӯз тамоми осорхонаҳои ҷумҳурӣ дарҳои худро барои меҳмонону тамошобинон ба таври ройгон боз мекунанд

Май 18, 2018 15:10

ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил карда мешавад,  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки як зумра чорабиниҳоро баргузор намояд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, Кумита шурӯъ аз 10 то 23 майи соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию  маърифатӣ, оммавию  варзишӣ ва солимгардонӣ  бахшида ба ин рӯз  таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат»  дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда истодааст. Дар доираи ин тадбир имрӯз, 18 майи соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ҳамоиши умумиҷумҳуриявии тамошои ройгони осорхонаҳо баргузор мегардад.

Дар ин рӯз тамоми осорхонаҳои ҷумҳурӣ дарҳои худро барои меҳмонону тамошобинон ба таври ройгон боз мекунанд. Ин ҳамоиш метавонад дар ҳифзу нигоҳдошти мероси қадимаи ниёгони миллати тоҷик, пос доштани арзишҳои маънавию таърихӣ ва тарбият намудани ҷавонон дар роҳи худшиносиии миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Май 18, 2018 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад