Каратечиёни Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд

Май 11, 2018 14:28

ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  11-13 май дар ҷазираи Окинаваи Япония Чемпионати Осиё оид ба карате WKF миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,   барои ширкат  дар Чемпионати  Осиё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 варзишгар – Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (60 кг), Ҷавоҳир Ҳайдаров (84 кг) миёни варзишгарони то 21-сола ва Муҳаммад Тешаев (55 кг), Алишер Қаюмов (76 кг), Абдуваҳҳоб Шаропов (61 кг) миёни наврасон таҳти роҳбарии мураббӣ Вадим Ҷо Чун-си ба Япония сафар карданд.

Хотиррасон менамоем, ки ғолибону ҷоизадорони қувваозмоиҳо миёни наврасон дар баробари медалҳо ҳамчунин ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии наврасон, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Буэнос Айреси Аргентина доир мегардад, соҳиби холҳо мешаванд.

 

Май 11, 2018 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд