Маҷаллаи дипломатии Олмон оид ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавод нашр намуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи дипломатии «Diplomatishes Magazin»-и Ҷумҳурии Федеративии Германия (ҶФГ) дар шумораи моҳи май дар бораи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти мусаввар нашр намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶФГ хабар доданд.
Дар маводҳои интишорнамудаи маҷаллаи бонуфузи олмонӣ оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устовор, солҳои 2018-2028», инчунин форуми иқтисодӣ ва фарҳангии «Наврӯз», ки бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон ва Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар заминҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг Ҳолштайни Олмон дар шаҳри Ҳамбург баргузор гардида, дар кори он имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд, барои хонандагон маълумотҳои ҷолиб пешниҳод карда шудааст.









Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






