Муҳокимаи рисолаҳои илмӣ дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 05.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ баргузор гардид, ки зимни он бори аввал ҳимояи рисолаҳо барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ сурат гирифт.
Тавре котиби илмии Шӯрои диссертатсионӣ Малика Саидмуродова ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, дар ҷаласаи мазкур унвонҷӯи факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зебо Ғаффорова дар мавзӯи «Самаранокии истифодаи комплексии захираҳои обию энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ва унвонҷӯи кафедраи назарияи иқтисодии факултети молиявию иқтисоди ДМТ Фазлиддин Икромов дар мавзӯи «Асосҳои институтсионалии рушди бозори коғазҳои қимматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаҳои номзадӣ барои ҳимоя пешниҳод намуданд.
Баъд аз баррасӣ ва муҳокимаи мавзӯъҳои пешбаришуда аъзои Шӯрои диссертатсионӣ қарор қабул карданд, ки диссертатсияҳои унвонҷӯён З. Ғаффорова ва Ф. Икромов мутобиқ ба талаботи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, ба унвонҷӯён унвони номзади илмҳои иқтисодӣ дода шавад.
Хотиррасон мешавем, ки бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 дар ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Таъсис додани Комиссияи олии аттестатсионӣ идомаи мантиқии давлатсозии миллӣ буда, ҷиҳати рушди минбаъдаи самтҳои гуногуни илм дар ҷумҳурӣ ва тарбияи олимони ҷавон мусоидат мекунад.










Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






