Мулоқоти Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон
ДУШАНБЕ, 02.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашшир Ҷовид Акбар мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо зикр намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон бо талошҳои пайгиронаи сарони ҳарду давлат дар сатҳи хуб қарор доранд, вале захираву имконот ва шароити ҳамкориҳои истифоданашудаи миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ҳанӯз зиёданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти ду кишвар-Тоҷикистону Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба авзои минтақа ва ҷаҳон аз вазъи мураккаби Афғонистон изҳори наигаронӣ намуданд.
Инчунин, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳаммкории минбаъда дар самти терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими сарҳадот табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисос дар донишкадаҳои низомии Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти ҳарду кишвар ва минтақа баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар соҳаи таъмини амният ва дурнамои муносибатҳоро дар таъмини амният муайян намуданд.









Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






