Мулоқоти Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон

Май 2, 2018 17:57

ДУШАНБЕ, 02.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо Вазири давлатии корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашшир Ҷовид Акбар мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо зикр намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон бо талошҳои пайгиронаи сарони ҳарду давлат дар сатҳи хуб қарор доранд, вале   захираву имконот ва шароити ҳамкориҳои истифоданашудаи миёни  ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ҳанӯз зиёданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти ду кишвар-Тоҷикистону Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба авзои минтақа ва ҷаҳон аз вазъи мураккаби Афғонистон изҳори наигаронӣ намуданд.

Инчунин, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳаммкории минбаъда дар самти терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими сарҳадот табодули афкор намуданд.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисос дар донишкадаҳои низомии Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба  таъмини амнияти ҳарду кишвар ва минтақа баррасӣ шуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар соҳаи таъмини амният ва дурнамои муносибатҳоро дар таъмини амният муайян намуданд.

 

Май 2, 2018 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад