Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм Мутлақ Ал-Қаҳтонӣ

Май 4, 2018 14:11

ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ Ал-Қаҳтониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки “Мо ба ояндаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар некбин ҳастем ва бовар дорем, ки дар партави ҳамкориҳои судманд ва дастгирии ҳамдигар ба дастовардҳои бузург дар ҳамаи арсаҳо ноил хоҳем шуд”.

Аз робитаҳои бародарӣ ва мулоқотҳои мунтазам дар сатҳи олии ду кишвар, заминаи мустаҳками сиёсию ҳуқуқӣ барои таҳкими ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон барои рушди амалии ҳамкорӣ дар арсаҳои тиҷорат, иқтисод, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт шароитҳои мусоид фароҳам мебошад.

Ҷонибҳо ҷоннок кардани кори Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникиро барои ҷалби сармояи Қатар дар ҳамаи бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд. Дар ин робита истифодаи иқтидори иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ ва технологии Қатар ҳамчун омили муҳимми рушди устувори кишварҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ номида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб оид ба ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бо хатарҳои даҳшатбор табодули андеша намуданд.

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм Мутлақ Ал-Қаҳтонӣ 04.05.2018

Май 4, 2018 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон