Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерали артиш Зубайр Маҳмуд Ҳаёт
ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерали артиш Зубайр Маҳмуд Ҳаётро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии кишварҳо баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳо, ки бо талошҳои сарони давлатҳо мазмуну муҳтавои тоза касб менамоянд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаро дар самти муборизаи муштарак бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ муҳокима карданд.
Густариши робитаҳои сохторҳои амниятии Тоҷикистону Покистон дар бахши амнияту мудофиа, ҳамкории низомию техникии кишварҳо баҳри ҳалли мушкилоти минтақавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли вазъи низомиву сиёсӣ дар Афғонистон муҳим арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи “САSA-1000” ва истифодаи имкониятҳои фарохи гидроэнергетикии Тоҷикистон табодули андеша карданд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






