Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сиярто

Май 4, 2018 13:34

ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сиярторо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот, ки дар фазои самимӣ ҷараён гирифт, маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Венгрия баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо ба рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон дар асоси дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо манфиатдорем.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби технологияи муосир ва сармоягузориҳои хориҷӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои хурду миёнаи обӣ дар Тоҷикистон, инчунин сохтмони инфрасохтори минтақавӣ ва байналмилалӣ, баён карданд.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши саноати металлургӣ, муҳандисӣ, телекоммуникатсия, истеҳсоли алюминий, маҳсулоти бофандагӣ, маводи сохтмонӣ, канданиҳои фоиданок, сангҳои қиматбаҳо ва саноати кимиё, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, сабзавот ва меваҳо, аз соҳаҳои дигари ояндадору афзалиятноки равобити дуҷониба номида шуд.

Ҳар ду ҷониб бо он ҳамақида буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои муштарак — таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба манфиати кишварҳо хоҳад буд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугуйи судманд анҷом доданд.

Мулоқот бо Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярто 04.05.2018

Май 4, 2018 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд