Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ доир гардид

Май 23, 2018 15:02

ДУШАНБЕ, 23.05.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ ва ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни мулоқоти судманду самимӣ Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки имрӯз ҳамкориҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳоли рӯ ба рушд қарор дошта, изҳори итминон кард, ки дар ояндаи наздик ин равобит ба сатҳи сифатан нав ворид мегардад.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар идомаи суҳбат афзуд, ки аз замони барқарории муносиботи дипломатӣ то имрӯз ҳамкории дӯстона ва равобити мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тақвият ёфта, хусусияти шарики стратегиро касб кардааст.

«Пешравии ҳамкориҳои ду кишвар, бешубҳа, самараи сиёсати давлатии оқилонаи сарони кишварҳои мо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Тсзин Пин ва ҳамкории сатҳи баланд ва дӯстии наздики онҳо мебошад», -гуфт Ш.Зуҳуров дар тақвияти гуфтаҳои мазкур.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки  мулоқоти Алекен Еминбахэ ҳамчунин   бо  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар назар дошта шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, инчунин муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ ва ҳамроҳони ӯ  аз   майдони  «Дӯстӣ»,  Боғи Устод Рӯдакӣ,  Маҷмааи Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маркази барқу гармдиҳии «Душанбе-2» ва мавзеъҳои зебоманзари  ноҳияи Варзоб дидан менамоянд.

Май 23, 2018 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид