«Мусоидати СММ дар пешгирии ифротгароии хушунатомез: таҷрибаи мавҷуда», — таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, имрӯз дар Китобхонаи миллӣ СММ ҳамоиши канории худро таҳти унвони «Мусоидати СММ дар пешгирии ифротгароии хушунатомез: таҷрибаи мавҷуда» доир намуд.
Ҳамоишро ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Меҳта ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки терроризму ифротгароӣ мушкилоти як ду давлат нест, балки кулли сайёра аз раванди авҷгирии он дар ташвиш аст. Зикр шуд, ки имрӯз аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо баҳри ҷилавгирӣ аз ин тамоюл тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо тероризм ва ифротгароии хушунатомез», ки таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим баҳри дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда мебошад.
Дар ҳамоиш коршиносони байналмилаливу митақавӣ масъалаҳои мавриди назарро дар ин самт баррасӣ карда, барои дарёфти роҳҳои нави муқовимат бо терроризму ифротгароӣ таклифу пешниҳодҳо карданд.
Коршиносон бо ишора ба вазъи ноором дар Афғонистон ва ҳамсарҳадии давлатҳои минтақа бо он иброз доштанд, ки бояд тадбирҳои амниятӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳдидҳо андешида шаванд. Аз ин рӯ ҳамкории мутақобилан судманди ниҳодҳои қудратии тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт муҳиму маҳаки асосии муваффақият номида шуд.
Дар ҳоле, ки терроризму ифротгароӣ ба мушкилоти рақами 1 -и сайёра табдил ёфтааст, кишварҳоро зарур аст, ки ҳарчи бештару зиёдтар дар роҳи пешгирии ин раванд ва коҳиш додани нуфузи гурӯҳҳои тундрав дар минтақаҳои алоҳида ҳамкории густурдаро ба роҳ монанд.
Дар доираи ҳамоиши имрӯза коршиносони кишварҳои гуногун ва намояндагони созмонҳои бонуфуз суханронӣ карда, зарур донистанд, ки ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ифротгароӣ тақвият дода шавад. Ҳамчунин дар ин рӯз намоиши видеоӣ ва аксҳо оид ба ҷилавгирӣ аз раванди афзоиши терроризму ифротгароӣ пешкаш карда шуд.












ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






