«Мусоидати СММ дар пешгирии ифротгароии хушунатомез: таҷрибаи мавҷуда», — таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир гардид

Май 3, 2018 17:29

ДУШАНБЕ, 03.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, имрӯз дар Китобхонаи миллӣ СММ  ҳамоиши  канории худро таҳти унвони «Мусоидати СММ дар пешгирии ифротгароии хушунатомез: таҷрибаи мавҷуда» доир намуд.

Ҳамоишро ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Меҳта ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки терроризму ифротгароӣ мушкилоти як ду давлат нест, балки кулли сайёра аз раванди авҷгирии он дар ташвиш аст. Зикр шуд, ки имрӯз аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо баҳри ҷилавгирӣ аз ин тамоюл тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо тероризм ва ифротгароии хушунатомез», ки таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим баҳри дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда мебошад.

Дар ҳамоиш коршиносони байналмилаливу митақавӣ масъалаҳои мавриди назарро дар ин самт баррасӣ карда, барои дарёфти роҳҳои нави муқовимат бо терроризму ифротгароӣ таклифу пешниҳодҳо карданд.

Коршиносон бо ишора ба вазъи ноором дар Афғонистон ва ҳамсарҳадии давлатҳои минтақа бо он иброз доштанд, ки бояд тадбирҳои амниятӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳдидҳо андешида шаванд.  Аз ин рӯ ҳамкории мутақобилан судманди ниҳодҳои қудратии тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт муҳиму маҳаки асосии муваффақият номида шуд.

Дар ҳоле, ки терроризму ифротгароӣ ба мушкилоти рақами 1 -и сайёра табдил ёфтааст, кишварҳоро зарур аст, ки ҳарчи бештару зиёдтар дар роҳи пешгирии ин раванд ва коҳиш додани нуфузи гурӯҳҳои тундрав дар минтақаҳои алоҳида ҳамкории густурдаро ба роҳ монанд.

Дар доираи ҳамоиши имрӯза коршиносони кишварҳои гуногун ва намояндагони созмонҳои бонуфуз суханронӣ карда, зарур донистанд, ки  ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ифротгароӣ тақвият дода шавад. Ҳамчунин дар ин рӯз намоиши видеоӣ ва аксҳо оид ба ҷилавгирӣ аз раванди афзоиши терроризму ифротгароӣ пешкаш карда  шуд.

Май 3, 2018 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн