«Низоми иттилооти бозории Агентии омор ва имкониятҳои он», — таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир гардид

Май 2, 2018 15:59

ДУШАНБЕ, 02.05.2018 /АМИТ  «Ховар»/. «Низоми иттилооти бозории Агентии омор ва имкониятҳои он», — таҳти чунин унвон имрӯз, 2 май дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар машварат роҳбарияти Агентии омор, МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ», коршиносони ҶДММ «Нексигол Навовар», МТИ «Зеркало», ТҶ «Нексигол Мушовир» ва зиёда аз 60 намояндаи вазорату идораҳо, идораҳои минтақавии кишоварзӣ, ширкатҳои машваратӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудаанд, иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш ба иштирокдорон дар бораи низоми иттилооти бозории Агентии омор ва имкониятҳои он маълумот дода шуд. Аз ҷумла, муовини директори Агентии омор Қиёмиддин Давлатзода зикр кард, ки низоми нав дар доираи лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон» таҳия гардидааст. Диққати махсуси лоиҳа ба таҳкими қобилияти насли нави фермерҳои хурди хусусӣ барои фаъол намудани бозор равона карда шудааст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омор, ба аввали соли 2017 170 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ин бизнес-сементи калонтарин мебошад, ки ба он таъминкунандагони хусусӣ ҳамкорӣ карда метавонанд.

Маблағгузории лоиҳа аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ тавассути МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» гузаронида мешавад. Машваратчиёни татбиқи хизматрасонӣ барои Агентии омор МТИ «Зеркало» ва ҶДММ «Нексигол Навовара» мебошанд.

Сардори омори нарх ва тарофаи Агентии омор Абдухалил Наҷибуллоев зикр кард, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ низоми бақайдгирӣ, ҷамъоварӣ, коркард ва паҳнкунии маълумоти нархҳо барои 25 номгӯйи маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, бензин ва асъори хориҷӣ дар 22 бозорҳои шаҳрҳо ва минтақаҳо бо даврияти 2 маротиба дар як ҳафта ба роҳ монда шудааст. Маълумоти ҷамъовардашуда дар сомонаи Агентӣ нашр карда мешавад, вале мутаассифона имкони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо сабабҳои гуногун дар истифодаи ин иттилоот маҳдуд мебошад.

Директори ҶДММ «Нексигол Навовара» Бахтиёр Баҳритидинов оид ба сохтори меъмории низоми иттилооти бозорӣ ва рамзҳои асосии он андешаронӣ намуд. Диққати махсус ба имкониятҳое, ки система ба истифодабарандагони тарафи сеюм пешниҳод мекунад, зоҳир карда шуд. Махсусан дастрасии як воҳиди кории виртуалии шахсӣ, ташаккулёбии ҳудуди иттилооти махсуси SMS-хабарҳо, рӯйхати шумораи қабулкунандагони иттилоот ва имконпазирии тақсими он ҳамчун имконоти беҳамто дар як макони ягона пешниҳод карда шуд.

Тавре директори МТИ «Зеркало» Қаҳрамон Бақозода зикр кард, пурсише, ки дар моҳи августи соли 2017 миёни 500 фермер гузаронида шуд, нишон дод, ки деҳқонон маълумоти мунтазамро оид ба нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ талаб мекунанд. Илова бар ин онҳо гирифтани иттилоот дар бораи обу ҳаво, маслиҳатҳои агрономӣ, нархи тухмӣ ва навъи дигари маҳсулоти мавсимӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Бо назардошти ин директори ТҶ «Нексигол Мушовир» Маҳинахон Сулеймонова изҳор намуд, ки «низоми иттилооти бозорӣ дорои иқтидори бузург барои эҷод ва ирсоли маълумоти оморӣ оид ба нархҳо дар бозор, дар бораи обу ҳаво, нархҳои нуриҳо, машварати агрономӣ ва ғайра ба хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад».

Дар интиҳои ҳамоиш иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои маърӯзагардида андешаронӣ намуданд.

Май 2, 2018 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад